Тенниси рӯйимизӣ

Тенниси рӯйимизӣ

Дар мактаби варзишии бачагон ва наврасони ба намудҳои варзиш ва атлетикаи сабук ихтисосонидашудаи шаҳри Самарқанд аз рӯйи намуди тенниси рӯйимизӣ байни собиқадорон мусобиқаи яккачини вилоятӣ баргузор гардид.
Дар он беш аз 80 нафар иштирокчиён аз рӯйи ду тоифаи синну сол байни худ қувва озмуданд.
Дар вайни варзишгарони синнашон то 40-сола Зафар Алладӯс­тови нурободӣ ҷойи якумро ба даст оварда бошад, байни иштирокчиёни синнашон аз 40 боло Усмон Маҳмудов аз шаҳри Самарқанд ғолиб гардид.
Иштироккунандагони фаъол ва ғолибон бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Акмал ҲАКИМОВ.