Модари солим – кӯдаки солим

Модари солим – кӯдаки солим

Зери ҳамин шиор дар Маркази захираҳои олимпии шаҳри Самарқанд “Фестивали варзишии бонувон”-и вилоят баргузор гардид.
Дар мусобиқа аз ҳар як ноҳия 21 нафар зану духтарон аз рӯйи 7 намуди варзиш қувва озмуданд.
Тибқи натиҷаҳои ниҳоии фес­тивал ҷамоаҳои ноҳияи Пахтачӣ аз рӯйи волейбол, шаҳри Самарқанд аз рӯйи тенниси рӯимизӣ, ноҳияҳои Ҷомбой ва Ургут доир ба шоҳмот, шаҳри Каттақӯрғон, аз рӯйи дартс ноҳияҳои Нуробод ва Булунғур дар давидан бо монеаҳо ба масофаи 50 метр, бонувони ноҳияҳои Иштихон ва Ургут, доир ба атлетикаи сабук вакилаҳои ноҳияи Нарпай аз рӯйи гимнастрадаи варзиш ҷойи якумро ба даст оварданд ва бо диплому тӯҳфаҳои ҳокимияти вилоят сарфароз гардиданд.
Инчунин, дар фестивал аз рӯйи номинатсияҳои “Иштирокчии бомаҳорат”, “Ҷамоаи фаъол”, “Ҷамоаи болатофат”, “Боварӣ барои ғалаба” ва ғайра ғолибон муайян гардида, мукофотонида шуданд.