Ҳимояи Ватан – вазифаи фахрии мо

Ҳимояи Ватан – вазифаи фахрии мо


Ҳафтаи саввум аст, ки бо мақсади иҷрои Фармоиши Президенти мамлакатамон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашни 27–солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан» зери шиори «Ватан — муқаддас, ҳимояи он – вазифаи ифтихорӣ» дар доираи моҳонаи ватанпарварӣ тадбирҳои гуногун гузаронида мешаванд.
Дирӯз дар шаҳри Самарқанд бо ҳамкории ҳокимияти вилоят, Сарфармондеҳи қӯшунҳои Округи марказии ҳарбӣ, Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва қисмҳои ҳарбии Самарқанд, Шӯрои марказии ташкилоти ба мудо­фиаи кӯмакрасони «Ватанпарвар»-и Ӯзбекистон шӯъбаи вилоятии Гвардияи миллии Ӯзбекистон ва Садорати вазъиятҳои фавқулодда ва ғайра фестивали «Армияи ман – ифтихори ман» шуда гузашт.
Нахуст, дар назди пайкараи сарлашкари бузург Амир Темур баромадҳои аъзои маҳфили ҳаваскорони варзишии автомото ва автомодели Шӯрои марказии ташкилоти ба мудофиа кӯмакрасони «Ватанпарвар» ва хизматчиёни қисмҳои ҳарбии қӯшунҳо ба дили ҳозирбудагон таассуроти хуб гузошт.
Баъди он, зери садои мусиқии оркестри ҳарбӣ намоиши тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба амал омад.
Дар доираи тадбир марафон гузаронида шуд. Дар он қариб 2000 нафар ҷавонону калонсолон иштирок карданд.
Иштироккунандагон дар намоишгоҳи техникаи ҳарбӣ, аслиҳаҳои ҷангӣ ва базаи таъминоти моддии хизмати наҷотдиҳӣ — кофтуковии Садорати вазъиятҳои фавқулодда иштирок намуданд.

Гузаронидани чунин тадбир дар дили ҳар як ҷавон эҳсоси ватандӯстиро бедор мекунад. Имрӯз дар марафони 10 — километрӣ иштирок карда, дар байни бонувон аввалин шуда, ба марра расидам ва тӯҳфаи ташкилотчиёнро гирифтам, — гуфт ғолиби марафон Марҷона Баротова.

Дар намоишгоҳ техника ва асбобу ускунаҳои ҳарбии қисми ҳарбиамонро намоиш додем. Сержанту мутахассисон ба ҷавонон оиди кори автомобилҳои ҳарбӣ, инчунин, автомат, миномёт, парашут маълумот доданд. Хурдтаракон аз дидани техникаҳо хеле хурсанд шуданд, — гуфт хизматчии ҳарбии Округи марказии ҳарбӣ, лейтенант Музаффар Тӯлқунов.
Дар майдони Кӯксарой, ки намоиши техникаҳои ҳарбӣ баргузор гардид, иштироккунандагон аз шавлаи ҳақиқии ҳарбӣ баҳравар шуданд.
Дар анҷом ғолибони мусобиқаи варзишии марафон ва онҳое, ки дар тадбир фаъолона иштирок намуданд, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои ташкилотчиён сарфароз гардиданд.
Дар тадбир иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Э.Турдимов ва қумондони қӯшунҳои Округи марказии ҳарби А.Саидов иштирок карданд.

Ҷамшеди АСРОР.