Бартариҳои сохтори нави соҳаи андоз

Бартариҳои сохтори нави соҳаи андоз


Дар Маркази ҷавонони Самарқанд вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Э.Турдимов бо тадбиркорон барпо гашт.
Дар вохӯрӣ ҳоким оиди навигарӣ ва тағйиротҳое, ки аз 1-уми январи соли 2019 дар сохтори андози мамлакатамон рӯй доданд, зарурати ҷорӣ намудани андози қимати иловашуда ҳарф зад.

Дар сохтори нави андоз барои корхонаҳое, ки гардиши маҳсулоташон аз 3 миллиард сӯм зиёд шудааст, ба миқдори 20 фоиз додани андози қимати иловашуда муайян гардидааст, — гуфт Э.Турдимов. – Дар бисёр мамлакатҳои дунё аз ин амалиёт истифода мебаранд. Вале ин маънои онро надорад, ки тадбиркор маблағи гардишиашро бо роҳи ғайриқонунӣ бошад ҳам, қисми аз 3 миллиард зиёдашро пинҳон кунад. Азбаски ин дар мамлакатамон сохтори нави андоз аст, муваққатан 20 фоиз муайян шуд. Сипас, ин ставкаҳо зина ба зина кам карда мешаванд. Барои ин беш аз 23 ҳазор субъектҳои тадбиркории вилоятамон ҷойҳои кориро дуруст нишон дода, музди корро бо усули «конверт» надиҳанд ва сари вақт додани андозҳоро омӯзанд, бори андоз барои ҳамаамон хеле сабук мешавад.
Таъкид гардид, ки аз 1-уми январи соли 2019 корхонаҳое, ки гардиши маҳсулоташон аз 1 миллиард сӯм зиёд аст, 4 фоиз ставкаи андози ягона, тадбиркорони тартиби яккаи гардиши маҳсулоташон аз 100 млн.сӯм зиёд набуда, андози ба таври қатъӣ муайяншуда месупоранд. Тадбиркорони тартиби яккае, ки гардиши маҳсулоташон аз 1 миллиард сӯм афзудааст, андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро бо тартиби барои шахсони юридикӣ пешбинишуда месупоранд.
Дар тадбир сардори Садорати давлатии андози вилоят Ш.Аҳмадов дар бораи тағйироте, ки дар ставкаҳои андози барои соли 2019 пешбинишуда дохил кардаанд, маълумот дод.

Ҳоло дар вилоятамон 1281-то корхона гардиши маҳсулоти аз 1 миллиард сӯм зиёд доранд, — гуфт вай. – Бо вакилони онҳо сӯҳбат карда, «Дастурамали таълимӣ»-и Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурият барои соли 2019 тақдим карда шуданд.
Прокурори вилоят Ф.Зуфаров таъкид намуд, ки дар ду соли охир дар мамлакатамон барои ривоҷдиҳии тадбиркорӣ ислоҳотҳои зиёде амалӣ гардиданд. Бар зидди ҳамаи тафтишҳо мораторияҳо гузошта шуданд, вале ҳамон дар фаъолияти баъзе тадбиркорон ҳолатҳои аз андоз гурехтан мушоҳида мешаванд. Агар ин ҳол дар соли 2019 низ давом ёбад, чораҳои қонунӣ дида мешаванд.

Тошқул АЗИМОВ.