Мақсади асосии ислоҳотҳо – таъмини манфиатҳои инсон


Дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон Шавкат Мирзиёев ба Маҷлиси Олӣ оиди босуръат амалӣ намудани ислоҳотҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, вазифаҳои ин самт сухан рафта, таъкид гардид, ки дар ин самт муттаҳид намудани қувваҳо, ба беҳсозии рӯзгори мардум сафарбар кардани онҳо ва афзунсозии фаъолии қувваҳои сиёсӣ аҳамияти муҳим дорад. Чунки дар “Соли инвеститсияҳои фаъол ва ривоҷёбии иҷтимоӣ” ҷалб намудани сармояҳои фаъол барои ривоҷ додани шохаҳои иқтисодӣ, амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои устувори соҳаи иҷтимоӣ, дар бобати амалӣ намудани онҳо баробари органҳои давлатӣ, афзунсозии фаъолии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.
Сарвари давлатамон дуруст таъкид намуданд, ки “мулоқоти бетанаффус бо халқ ва хидмат ба манфиати одамон нафақат вазифа, балки барои ҳар як роҳбар принсипи ҳаётӣ бояд бошад.”
Аз ин бармеояд, ки мо намояндагони Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат”-и Ӯзбекистон низ корҳои амалии худро афзун созем. Бахусус, дар доираи лоиҳаи “Адолат – дар устувории қонун” бо халқ мулоқотро пурзӯр намуда, муаммоҳои мардумро омӯхтанамон ва онҳоро саривақт бартараф карданамон амри зарурист.
Инчунин, бо мақсади омӯхтани таърихи бузург ва пуршарафи кишвар, мероси абадзиндаи олиму мутафаккирони бузург, ҷавонмардии арбобони давлатӣ ва саркардаҳои моҳир, дар дили насли ҷавон пурзӯр намудани эҳсоси худшиносӣ ва ғурури миллӣ дар таркиби Телерадиокомпанияи миллии Ӯзбекистон ташкил кардани канали “Таърихи Ӯзбекистон”-ро пешниҳод намуданд, ки боиси эътироф аст.
Бо як сухан, дар ҳар як сатри Муроҷиатнома чун мақсади асосии ҳамаи ислоҳотҳо – таъмини манфиатҳои инсон баён гардидааст. Мақсад ва вазифаҳое, ки дар он муқаррар карда шудааст, барои ояндаи дурахшони халқамон хизмат мекунад. Мо фаъолони қувваҳои сиёсӣ дар ин самт тамоми ирода ва қувваи худро сарф мекунем.

Муҳиба БОБОБЕКОВА,
раиси Шӯрои вилоятии Ҳизби
сотсиал-демократии “Адолат”-и Ӯзбекистон.

Фактҳо аз муроҷиатнома
  • Соли ҷорӣ аз тамоми манбаъҳо аз худ кардани тақрибан 138 триллион сӯм сармояҳо пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 16 фоиз зиёд аст.
  • Ҳаҷми сармояҳои бевоситаи хориҷӣ қариб 1,5 баробар зиёд гардида, ба 4,2 миллиард доллар мерасад. Аз ин ҳисоб 142 корхонаи замонавӣ сохта мешавад.
  • Соли ҷорӣ ҳаҷми содирот 30 фоиз зиёд гардида, то ба 18 миллиард доллар расонида мешавад.
  • Дефитсити буҷаи давлатии соли 2019-ум тақрибан 4,5 триллион сӯмро ташкил медиҳад ва дар сатҳи 1,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба нақша гирифта шудааст.
  • Аз тарафи Бонки марказӣ, роҳбарияти Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар соли 2019 бо манзили арзон таъмин намудани 1600 нафар заноне, ки дар вазъияти мураккаби ҳаёт қарор доранд, дар асоси кредити имтиёзнок ба нақша гирифта шудааст.
  • Барои фонди «Ҷавонон – ояндаи мо» беш аз 2 триллион сӯм ҷудо карда шуда, аз ҳисоби он 50 ҳазор ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
  • Бо мақсади ба кормандони соҳа фароҳам овардани шароитҳои мусоиди зиндагӣ ва меҳнат, дастгирӣ намудани кормандони Гвардияи миллӣ 1800 хонаву ҷой сохта мешавад.