Воситаҳои техникии видеоӣ ва аккосӣ

Воситаҳои техникии видеоӣ ва аккосӣ

гузошта мешавад

Дар чор кӯча ва чорроҳаҳои шаҳри Самарқанд аз 15-уми январи соли 2019 воситаҳои техникии видеоӣ ва аккосии автоматикунонида, ки ба таври онлайн кор мекунанд, гузошта мешавад.
Мувофиқи қарори ҳокими вилоят ҳоло ба ҷойи пиёдагузари рӯ ба рӯи маҷмӯи майдони Регистон, ки дар кӯчаи Регистони шаҳр ҷойгир аст, ба чорроҳаҳои кӯчаҳои Мирзо Улуғбек-Бӯстонсарой, Мирзо Улуғбек-Шоҳрух ва Мир Саид Барака-Мирзо Улуғбек воситаҳои техникии махсуси видеоӣ ва аккосии автоматӣ мегузоранд.
Бо ёрии он ронандагоне, ки ба қоидаҳои ҳаракати роҳ, яъне дар вақти идораи воситаи нақлиёт аз телефон истифода бурда, ба ишораи чароғаки роҳ риоя накарда, ба хат ва нишонаҳои роҳ амал намекунанд ва ҳуқуқвайронкуниҳо содир менамоянд, аниқ карда, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ дида мешавад.
Баробари ин, дар кӯчаҳои вилоят 4 дастгоҳи русуми “Арена”, ки суръатро ҳисоб менамояд, гузошта шудааст. То ҳол бо ёрии онҳо қариб 39 ҳазор ҳолати қоидавайронкунӣ муайян карда шудааст.
Инчунин, дар натиҷаи як қатор тадбирҳои профилактикӣ ва рейдҳо соли 2018 ҷамъ 309068 қоидавайронкунӣ, (аз он 119769-тоаш дағалона ва 8725-тоаш дар ҳолати мастӣ идора намудани нақлиёт ва 13247 қоидавайронкунии пиёдагардҳо) аниқ карда шуда, нисбати шахсоне, ки онро содир кардаанд чора дида шуд.
Соли ҷорӣ ба ҳамаи чорроҳаҳои шаҳри Самарқанд гузоштани воситаҳои техникии видеоӣ ва аккосии автоматикунонидаи махсус ба нақша гирифта шудааст.