Шукри ҳаёт

Шукри ҳаёт


Исломҷон Исломқулов 10-уми сентябри соли 2011 ба дунё омад. Барои падараш Алишерҷону модараш Наргиза пас аз се духтар – Мафтунаю Фотимаю Зӯҳро тӯҳфаи арзандаи Оллоҳи меҳрубон буд. Ӯ рӯз то рӯз ба воя мерасид ва ҳастии ӯ ба аҳли оила завқи нотакрор мебахшид. Вақте ки ӯ дунимсола шуд, падар сӯйи Россия ва модар ба мактаби таълими умумии рақами 16-и ноҳияи Самарқанд барои давом додани фаъолияти меҳнатӣ пардохтанд. Ба Исломҷон то омадани модар модаркалонаш нигоҳубин мекард.
Рӯзе модар аз кор баргашта, Исломҷонро бо шиками каме варамида дид. Бо хавотир ӯро ба беморхонаи бисёрсоҳавии вилоят бурд.
Сардухтури беморхона Комил Ҳакимов аз модараш пурсид, ки мабодо Исломҷон дар хурдӣ ягон хел бемор нашудааст. Модараш гуфт, ки дар ҳафтмоҳагӣ боре ӯро каждуме газида буд. Вақте ба беморхона бурдем, ӯро танҳо сӯзандору карданд.

Ҳа-а, — гуфт Комил Ҳакимов, — бояд ҳамон вақт бо доруҳои гуногун тани ӯро аз заҳри каждум тоза кардан лозим буд. Заҳр дар хун омехта шуда, ба ягон аъзои ӯ таъсири бад мерасонад. Ин беморӣ натиҷаи ҳамон бепарвоии духтурон аст.
Қариб як сол ӯро табобат карданд. Сардухтур Комил Ҳакимов инсони дилсӯзу меҳрубон буд, доимо аз паси сиҳатии ӯ чорае меҷуст. Наргиза ҳам фаъолияти меҳнатии худро қатъ карда, аз паси нигоҳубини фарзандаш шуд. Вале табобатҳо натиҷае набахшид.
Бо тавсияи духтурон ӯро ба беморхонаи марказии шаҳри Тошканд гирифта рафтем. Баъди муолиҷаи он ҷо мо ба хона бармегаштем. Дар роҳ мошин каме таваққуф кард. Мо аз мошин фаромадем, Исломҷон аз дасти ман дошта, аз модараш дуртар бурд ва бо овози паст пурсид:

Бибиҷон, ҳамин духтур маро то охир сиҳат мекунад?

Ман дар ҳайрат мондам: кӯдаке, ки сеюним сол дошт, аз модари худ чунон истиҳола намуда, бо чашмони ҳаросон ба ман нигоҳ мекард. Ман чӣ гуфтанамро надонистам, аз ҳайрат шах шуда ҷавоб додам:

Албатта, ҷони бибӣ, сиҳат мешавӣ. Духтур доруҳои хубро ба ту тавсия кард.
Вале дар дил аз Оллоҳи меҳрубонам илтиҷо карда мепурсидам, ки дардашро шифо бахшад. Табобати ӯ мунтазам буд, бе давои духтур худро солим ҳис намекард. Пайваста ҳабҳои гармонӣ ва сӯзандоруҳо…
Лек ҳамаи инро ӯ оромона паси сар мекард, бо чашми умед ба дунё назар меандохт. Рӯзе, ки ӯро аз табобатхона ҷавоб доданд, сӯйи тарабхонаи «Ширин» рафтем. Мурғкабобро дӯст медошт. Ману Исломҷону модараш мурғкакбоб мехӯрдем, сипас, шириниҳое, ки бо худ доштам, бо чой тановул кардем. Ҳар се хурсанд будем. Ният мекардем, ки Исломҷон дигар бемор нашавад. Ҳамин вақт Исломҷон ба ман рӯй оварду гуфт:

Онаҷон, маро имрӯз беҳад хурсанд кардед, ташаккур.
Ман навозишкорона ӯро ба оғӯш гирифта, аз рӯяш бӯсидам.
Солҳо гузаштанд. Баъзан дар Тошканд, баъзан дар беморхонаи бисёрсоҳавии Самарқанд табобат менамудем. Лек ҳамаи инҳо натиҷаи дилхоҳ намедод. Ба модару фарзанд дилам месӯхт. Духтарам ҳаловате надошт, чӣ кунаду Исломҷони ӯ сиҳат гардад, вале ҳайҳот. Қалби кӯчаки Исломҷон макони орзуву умедҳо буд. Навозандагиро дӯст медошт. Доираро хуб менавохт. Лек аз модараш нағора харид карданашро пурсид. Модар ба ӯ нағораи хубе харид. Рӯзҳои хурсандӣ ё таваллуд ҳатман нағора менавохт, суруд мехонд, табъи ҳамаро шод мекард.
Исломҷон ҳафтсола шуд. Дар мактаб ба гурӯҳи тайёрӣ чанд рӯз таҳсил гирифт. Тӯҳфаи Президентро хурсандона қабул кард. Аз китобҳои гуногун, дафтарҳои қатору қаламҳои ранга шод шуд. Орзу дошт, ки монанди дигарон мактаб хонад. «Кош бемор намешудам ва бо ин китобҳо ба мактаб мерафтам», — гӯён борҳо ба модараш таъкид мекард. Бо вуҷуди он ба чанд тадбири хонандагон омада, сурудхонӣ кард.
Беморӣ ба ӯ чун ширеш часпида буд. Табобати тиббӣ натиҷаи дилхоҳ надод. Моҳи сентябр дар беморхонаи Тошканд қариб ҳаждаҳ рӯз хоб кард. Аз он ҷо омада, бемориаш боз хурӯҷ кард. Дар шифохонаи бисёрсоҳавӣ боз табобатро давом медод.
Исломҷон рӯзе модарро гуфт:

Модарҷон, мурдашӯ мурдаро чӣ хел мешӯяд?

Ман намедонам, надидаам, — гуфт модари ҳайратзада.

Наход надонӣ, гӯй онҳо чӣ кор мекунанд?

Пахтаро собун зада, бо оби гарм тани мурдаро пок месозанд – ниҳоят бо ҳайрат ҷавоб дод модар ва ба ӯ бо нигоҳи маънидорона чашм дӯхт.

Бар ивази ин кор онҳо чӣ мегиранд? – кунҷковона боз пурсид Исломҷон.

Мардум ҳар чӣ медиҳанд: ё пул, ё ҳар хел чизу матоъҳо. Чаро инро мепурсӣ?

Хафа нашав модарҷон, мо ҳар ду мурдашӯ мешавем, — гуфта хандае карда ба модараш нигоҳ кард. Ин вақт шикамчаи ӯ боз варам буд. Шабона аҳволаш вазнин шуд. Ҳамроҳи тағояш Зафарҷон ӯро ба беморхона овардем. Рӯзи дароз қай кардан мехост, лек ҳеҷ чизро қай карда наметавонист. Дардаш вазнин бошад ҳам, ором буд, доду фарёд намекард. Ба модараш ишора карда, зарферо ки дар он қай мекард, «гир» гуфт.
Модар ба ӯ:

Исломҷон, ту намепартоӣ, монда шудӣ, худро азоб надеҳ, — гуфт.
Исломҷон бо овози зангӯладори худ ба ӯ нигоҳ карда гуфт:

Худоҷон, ҷони маро гирад, ки ман ба ту дурӯғ гӯям, — ва дасташро ба даҳонаш бурд. Лек ҳеҷ чиз қай карда натавонист. Хоҳиш кард, ки чорзону шинонанд. Вай дастони худро бо коғазҳои поккунӣ тоза карда, болои зонуяш гузошта, рӯй ба сӯйи қибла чашм дӯхта нишаст. Сипас, ба ман рӯй оварду дастони худро ба ду тараф кушода гуфт:

Онаҷон, ман дунёба барои чӣ омадам? Фақат духтур, беморхона, дору, укол… Аз ин мурам беҳ не-мӣ?

Не, не ҷони ман, ин тавр нагӯй, ту ҳоло сиҳат мешавӣ, маро кашолакунон ба зиёрати Ҳаҷ мебарӣ.
Ӯ сарашро хам кард, болои зонуям нишаста, маро сахт ба оғӯш гирифт. Ӯ хомӯш буд ва хомӯшона оғӯш мекард, бо дастаконаш худро ба ман наздик мекард. Ниҳоят маро раҳо карду ба ҷогаҳаш дароз кашид.
Мо бо Алишерҷону Наргиза хайрухушкунон баромадем. Ба хона омадем. Ҳамон шаб хоб накардам, чорае меҷустам, вале худро хеле оҷиз ҳис мекардам, ягона мададгорам Оллоҳи меҳрубонам буд. Саҳарии барвақт духтарам занг зад, шитобон сӯйи шифохона рафтем, ба духтурон чашм медӯхтам, шояд имдоде ёбам. Ӯро аллакай ба палатаи алоҳида гузаронида буданду ҳавои сунъӣ ба ӯ ёрӣ медод. Ҳангоми ворид шуданам, ба сӯям назар карду ба падараш гуфт:

Инро аз ман гиред.

Не, — гуфт падар, — ин ба ту фоида дорад.
Ба сӯйи ман назар кард.

Онаҷон, ман акнун мемурам, — гуфту чашмонашро пӯшид. Чӣ кор карданамро надонистам. Ба умеди сабук шудани дардаш сураи «Ихлос»-ро оромона такрор кардам, вале ӯ хомӯш буд. Ӯ худ ба дарди ҷонкоҳи бедавояш даво ёфт, сар ба оромии абадӣ гузошт. Бовариам намеомад, ки қисмати худро Исломҷони ман пешакӣ ҳис карда бошад? Наход, қалби кӯчаки ӯ чунон ба Аллоҳ наздик буд, ки ин ҳамаро пеш аз вуқӯъ ҳис карда тавонист? Зарурати аз дунё реҳлат кардан амри воҷиб аст, вале онро дарк карда, ҷон таслим кардан… албатта, беҳтар аст, вале туро ин тақдир, ин қисмат… бовариам намеояд. Эҳ, кош…
Модараки азизат сарашро ба дару девор мезад, падарат зору ҳайрон монда… Қалби хоҳараконат пора-пора… Аз Аллоҳи меҳрубон ба онҳо сабри ҷамил мехоҳам. Сари қабрат аз дуо хирман бод.
Сипосгузорам, аз кормандони беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳри Самарқанд таҳти сарварии Комил Ҳакимов ва сардухтури шӯъбаи неврологияи беморхонаи ҷумҳурият Комил Ҳамзаев, ки ҳамеша аз аҳволи набераам хабардор буданду табобат мекарданд.
Ёдат ба хайр, Исломҷони рӯзнодидаи ман.

Фарида АҲМАД,
корманди мактаби таълими умумии рақами 16-и ноҳияи Самарқанд.