Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз

Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз

“Таърих оинаи ибрат аст. Мо таърихи гузаштагони худ, роҳи зиндагонии бузургонамонро омӯхта, аз онҳо ибрате мегирем, панде меомӯзем. Аз ин рӯ, ба омӯзиши таърихи халқиятҳо, зиндагонии бузургони илму фарҳанг, рӯзгори пайғамбарон шавқи зиёд дорам. Чунки таърих дирӯзи мост ва мо дар имрӯз зиндагӣ мекунем. Барои беҳтар намудани имрӯз, дирӯзро донистан ва омӯхтан амри зарурист”, мегӯяд соҳибкори ҷавон ва тадбиркори корчаллон Зафар Маҳмудов.


Оинаи рӯзгор

Зафар Маҳмудов 13-уми июли соли 1990 дар деҳаи Талибарзуи болои ноҳияи Самарқанд дар оилаи марди маърифатпарвар ва соҳибкори шинохта Толиб Маҳмудов ба дунё омадааст. Модари ғамхори хонадон Хуршеда Усмонова ба тарбияи фарзандон аз кӯдакӣ эътибори алоҳида медод. Натиҷаи чунин ғамхории волидон буд, ки Зафар пас аз хатми мактаби таълими умумии рақами 41-и ноҳия, таҳсилро дар литсейи академии назди Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд бомуваффақият давом дода, баъдан шомили Донишкади давлатии хоҷагии қишлоқи Самарқанд (ҳоло Донишкадаи давлатии медитсинаи ветеринарияи Самарқанд) мегардад.
Соли 2017 донишкадаро хатм намуда, диплом ба даст мегирад ва аз паи иҷобати орзуҳои дил камар мебандад.

Фарози орзу

Барои ояндаи ҳар як инсон, муҳите, ки ба камол расидааст, таъсири калон мерасонад. Зафар Маҳмудов аз айёми кӯдакӣ дар муҳите бузург шуд, ки аҳли хонавода ва аксари пайвандон бо тадбиркорӣ машғул буданд. Аз ин рӯ, дар дили ӯ низ аз овонӣ ҷавонӣ нисбати ин соҳа меҳр пайдо шуд ва баъди хатми донишкада бе ҳеҷ дудилагӣ касби падарӣ — тадбиркориро оғоз намуд. Ҳоло тадбиркори ботадбир З.Маҳмудов раиси хоҷагии фермерии бисёрсоҳаи “Маҳмудбек Маъруфӣ”-и ноҳияи Самарқанд мебошад. Инчунин, роҳбарии коргоҳи қаннодии “Хуршида Усмонова ширинликлари”-ро дар ӯҳда дорад.
– Мо асосан бо чорводорӣ, паррандапарварӣ ва боғдорӣ машғулем, — мегӯяд тадбиркор З.Маҳмудов. – Инчунин, фаъолияти гармхона ва коргоҳи қаннодиро низ ба роҳ мондем. Ҳоло дар гармхона помидор парвариш мекунем. Насиб бошад аз аввали моҳи феврал маҳсулоти худро ба бозор мебарорем. Дар хоҷагии фермерӣ ва коргоҳи қаннодӣ беш аз 20 нафар писару духтарон ба таври доимӣ кор мекунанд. Инчунин, ҳар сол беш аз 100 нафар ҷавононро муваққатӣ бо кор таъмин мекунем. Соли гузашта қариб 80 гектор замини лалмӣ гирифта, дар 20 гектори он гандум, дар 30 гектор ҷав коридем. Дар 10 гектори майдон ток шинондем. Инчунин, ҳавз бунёд карда, обёрии қатрагиро ба роҳ мондем. Ба ин замин аз масофаи 5 километр бо маблағи худ хати барқ кашидем. Умед аст, ки ин ҳама меҳнат самараи худро медиҳанд.

Дил ба ёру даст ба кор

З.Маҳмудов ин суханро чун шиори зиндагонии хеш қарор дода, дар ҳар кор ба он амал мекунад. Ба ҳар коре, ки даст мезанад, бо меҳри бепоён онро оғоз менамояд. Мекӯшад, ки дили кормандонро наранҷонад ва ба онҳо дар ҳар лаҳза ёвару ғамхор бошад. Бо коргарон на чун роҳбар, балки ҳамчун дӯст муомила мекунад, ки ин низ аз хислатҳои ба худ хоси ӯ мебошад.

Тадбиркорӣ кори бомасъулият ва заҳматталаб аст, – илова кард З.Маҳмудов. — Ҳар касе, ки мехоҳад дар ин соҳа комёб гардад, бояд аз маданияти муомила ва муносибат ба хубӣ бархурдор бошад. Инчунин, калиди ҳар гуна муваффақият меҳнати ҳалол аст. Мардуми Эрон мақоле доранд, ки “кас нахорад пушти ман, ҷуз нохуни ангушти ман” мегӯянд. Аз ин рӯ, ҳар як одам бояд барои муваффақу комёб шудан худаш ҳаракат кунад. Ва аз ҳаракат албатта барака ба даст меояд.

Муҳити хуби соҳибкорӣ

Тадбиркори ҷавон З.Маҳмудов сарфароз аст, ки аз тарафи сарвари давлатамон барои дастгирӣ ва рағбатноксозии соҳибкорон имкониятҳои зиёд фароҳам мегардад ва дар пешрафти фаъолияти ҳар як тадбиркор чун омили муҳим хизмат мекунад. Пештар барои омодасозии як ҳуҷҷат моҳҳо сарсон шаванд, ҳоло на одамон, балки ҳуҷҷатҳо “ҳаракат” карда, ҳар як муаммо дар муддати кӯтоҳ ҳалли худро меёбад.

Дар мамлакатамон муҳити хуби соҳибкорӣ барқарор аст. Аз тарафи ҳокими вилоятамон Э.Турдимов низ ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа чун “Рӯзи қабули тадбиркорон” эълон шудааст, ки ин аз эътибор ба ин соҳа гувоҳӣ медиҳад, — иброз дошт З.Маҳмудов. – Дар он тадбиркорон бо муаммову мушкилиҳои худ муроҷиат мекунанд ва хурсандиовар аст, ки аксари мушкилиҳои соҳибкорон дар ҷойи худ ҳал мешавад. Ғайр аз ин, ҳокими ноҳияи Самарқанд низ барои дастгирии тадбиркорон амалҳои шоёнро иҷро мекунад.

Дар соли 2019

Соҳибкори ҷавон З.Маҳмудов, ки ҳоло ба 29 қадам мондааст, дар дил орзуҳои зиёд дорад. Мехоҳад дар соли 2019 фаъолияти худро боз ҳам васеътар карда, ҷавонони бештарро бо кор таъмин намояд. Инчунин, маҳсулоти хоҷагиро ба кишварҳои хориҷӣ экспорт карда, обрӯйи хоҷагии фермериро берун аз кишвар паҳн кунад.
– Ҳоло 20 ҳазор мурғ парвариш мекунем, — гуфт ӯ. — Насиб бошад соли 2019 ба 100 ҳазор адад расонидани онҳоро дар нақша дорем. Инчунин, бунёди яхдони 600 тоннагӣ низ дар назар аст. Теъдоди чорворо низ дар соли 2019 зиёд кардан мехоҳем. Барои ин ҳама шароит муҳайёст ва замин ҳам гирифтем. Худо хоҳад, бо дастгирии мутасаддиён ва дуои падару модарам нақшаҳоро дар амал иҷро кунем, қариб 100 нафар ҷавонон бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Фаридуни
ФАРҲОДЗОД