Шартномаи иҷора барои мулки ғайриманқул

Шартномаи иҷора барои мулки ғайриманқул

осон амалӣ мегардад

Дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 25-уми майи соли 2018 “Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам такмил додани сохтори нотариат ба сифати институти ба пешгирии низоъҳо нигаронидашуда”, аз 1-уми январи соли 2019 сар карда, тартиби ҳатмии баҳисобгирӣ дар органҳои андоз ҷорӣ гардид ва талаби тасдиқнамоии нотариалии ҳатмии шартномаҳои ба иҷорадиҳии мулки ғайриманқул бекор карда шуд.
Мувофиқи қарори Кумитаи давлатии андоз “Тартиби баҳисобгирии ҳатмии шартномаҳои иҷораи мулки ғайриманқул дар органҳои хизмати давлатии андоз” таҳия гардид.
Тибқи он, дар байни иҷорадиҳанда ва иҷорагиранда шартномаи дутарафа баста, дар органҳои андоз бояд ба ҳисоб гузошта шавад.
Барои ба ҳисоб гузоштан аз ҷониби органҳои андоз ҳеҷ гуна музд гирифта намешавад. Баҳисобгузорӣ бо ду роҳ амалӣ мегардад:

Ба воситаи хизмати интерактиви “ Баҳисобгирии шартномаи иҷора”-и андоздиҳанда, ки дар портали хизматҳои электронии андози “my. soliq.uz”-и Кумитаи давлатии андоз ҷойгир карда шудааст;

Дар ҳоли ба инспексияи андози ҷойи зисти доимӣ, ки аз рӯйхати давлатӣ гузаштааст, ҳозир шудани шахси юридикӣ.
Аз 1-уми январи соли ҷорӣ портали хизматҳои электронии андози “my. soliq.uz”-и Кумитаи давлатии андоз хизмати интерактиви “ Баҳисобгирии шартномаи иҷора” ба роҳ монда шудааст. Барои ин дар иҷорадиҳанда имзои рақамноки электронӣ (ЭРИ) буданаш ва хизматро интихоб карда, оиди баҳисобгирӣ саволномаро пур кардан, ба он нусхаи электронии шиносномаи худ ва шартномаи иҷораро ҳамроҳ карда, тугмаи “фиристодан”-ро зер карданаш кифоя. Баъди ба ҳисоб гузоштани шартномаи иҷора, дар бораи ба ҳисоб гузошта шуданаш ба иҷорадиҳанда маълумотнома оиди пардохти даромади андози барои соли ҷорӣ ҳисобгардида хабарномаи пардохт тақдим карда мешавад.
Дар натиҷа, оиди даромадҳои ба иҷора додани мулки ғайриманқул тақдим намудани декларатсияи нахустин талаб карда намешавад.


Шӯъбаи алоқаҳо бо
ҷамоат ва ахбори ҳуқуқии
Кумитаи давлатии андоз.