Ғалабаи навбатӣ дар Ҷоми Осиё – 2019

Ғалабаи навбатӣ дар Ҷоми Осиё – 2019

Бозиҳои навбати дуюми мусобиқаи Ҷоми Осиё-2019 низ ба охир расид. Ҷамоаи яккачини миллии футболи Ӯзбекистон, ки бо сарпарас­тии мураббии хориҷӣ Эктор Купер дар гурӯҳи «F» қувваозмоӣ мекунад, бо ҷамоаи яккачини миллии футболи Туркманистон ба майдон баромада, ба ҳисоби 4:0 ғалаба кард ва бо 6 хол ба зинаи навбатии мусобиқа баромад.
Ҷамоаамон аллакай дар тайми аввал нисбат ба рақиб пурқувват будани худро исбот намуда, футболбозонамон Элдор Шомуродов (ду тӯб), Ҷалолиддин Машарифов, Ҷавоҳир Сиддиқов ба дарвозаи ҳариф 4 тӯби беҷавобро дароварданд. Дар қисми дуюм ҳар ду ҷамоа дар назди дарвозаҳои якдигар вазъиятҳои пурхавфро ташкил карданд, аммо ба дарвозаҳо дигар тӯб надаромад.
Ҷамоаи яккачини миллии Япония ҳам ба ҳисоби минималии 1:0 ҷамоаи яккачини миллии футболи Уммонро мағлуб сохта, ба зинаи навбатии мусобиқа баромад. Ҳоло ҷамоаамон дар гурӯҳ бо натиҷаи бисёр тӯб дароварда ҷойи якумро ишғол менамояд.
Рӯзи 17-уми январ ин ҷамоаҳо қувва озмуда, ҷойҳои якуму дуюми гурӯҳро аниқ мекунанд.

Ҷ.ОБИДОВ.