Ҷалби фаъоли сармоягузорӣ ба ривоҷи мамлакат хизмат мекунад

Ҷалби фаъоли сармоягузорӣ ба ривоҷи мамлакат хизмат мекунад

Аз ҷониби Президенти мамлакатамон соли 2019 – Соли инвеститсияҳои фаъол ва ривоҷёбии иҷтимоӣ номгузорӣ шуд. Роҳбари мамлакатамон дар Муроҷиатнома ба Маҷлиси Олӣ изҳори ақида намуд, ки: «Танҳо бо ҷалби фаъоли сармояҳо, ба роҳ мондани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мо метавонем, ба рушди ҳарчи зудтари иқтисодиётамон муваффақ гардем».
Инвеститсия ё сармоягузорӣ ин гузоштани ҳар гуна воситаҳо (моддӣ, пулӣ ва ғайра) барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, ки мақсад аз он ташкилу танзими раванди истеҳсолот ва кору хизмат аст.
Сармоягузор ё инвеститор – шахс, ташкилот ё давлатест, ки маблағ ё сармояро мегузорад. Ҳудуди фаъолияти сармоягузорро қонунҳо муайян мекунанд. Хелҳои воқеӣ, пулӣ, фикрӣ ва саҳҳомии сармоягузорӣ мавҷуд аст.
Соли 2019 корҳои ҷалбнамоии инвеститсияҳои хориҷӣ суръат мегирад.
Ҳоло дар мамлакатамон тавре, ки сиёсатчиён мегӯянд, ҳаёт «меҷӯшад». Имрӯзҳо дар диёрамон ҳазорҳо корхонаҳо бо иштироки сармояҳои давлатҳои хориҷӣ амал мекунанд. Онҳо соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, энергетика, хоҷагии қишлоқ, саноати кимиё, сохтмони инфрасохториро дар бар мегиранд.
Ривоҷдиҳии иқтисодиёти мамлакат, фаъолтар кунондани ҷараёни инвеститсия, бунёд кардани корхонаҳои нав ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ самти муҳимтарин ва устувор ҳисобида мешавад. Соли гузашта дар вилоятамон 448 объект ба кор даромад. Роҳбари давлатамон ҳангоми сафари корӣ ба вилоят (11-уми январи соли ҷорӣ) таъкид намуданд, ки соли гузашта 448 объект ба кор дароварда шуд, ки барои Самарқанди салоҳияти калони ҳудудӣ ин кофӣ нест.
Дар солҳои 2019-2020 дар вилоятамон амалигардонии 968 то лоиҳаи инвеститсионӣ дар ҳамкории давлатҳои хориҷӣ ва ташкил намудани корхонаҳои зиёди азими саноатӣ ба нақша дароварда шудааст.
Дар асоси ривоҷдиҳии тадбиркорӣ ва корчаллонӣ фаъолияти инвеститсионӣ мехобад. Муроҷиатномаи Президент ба Маҷлиси Олӣ масъулияти фаъолони қувваи сиёсиро ба ду ҳисса зиёд мекунад.
Соли ҷорӣ дар вилоятамон дар самтҳои гуногуни ҷамъият лоиҳаҳои зиёд амалӣ мегарданд. Масалан, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12325 миллиард сӯм ё ин ки нисбат ба соли 2018 ба 103.6 фоиз афзуданаш дар нақша аст. Хусусан, 261 лоиҳаи 1633 миллиард сӯмина амалӣ гашта, бо ин 6353 ҷойи нави корӣ ташкил мешавад.
Ҳаҷми истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ ба 8222,0 миллиард сӯм расонида шуда, ба миқдори 3386,4 миллиард сӯмина маҳсулоти хӯрокворӣ, 4835,6 миллиард сӯмина маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ истеҳсол карда мешавад.

Ҷамшед ОБИДОВ.