Маркази нав барои мутахассисони варзиш

Маркази нав барои мутахассисони варзиш

Дар вилоятамон филиали ҳудудии Маркази дастгирии илмию методӣ, бозомӯзӣ ва такмили касбии мутахассисон доир ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба фаъолият оғоз намуд.
Дар филиали мазкур, ки дар коллеҷи касбиву ҳунарии иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Самарқанд фаъолият дорад, ҳар сол қариб 2500 нафар мутахассисони соҳа дониш, маҳорат ва таҷрибаи касбии худро такмил медиҳанд.
Дар курсҳои марказ якҷоя бо мутахассисони тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии Самарқанд мутахассисони вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё ва Навоӣ низ илм меомӯзанд.
Ҳоло дар филиал 60 нафар омӯзгорон, мураб­биён доир ба намудҳои варзиш машғулотҳои хониширо оғоз намуданд.

Ҳамроқул РОФИЕВ.