Шоҳмотбозони самарқандӣ

Шоҳмотбозони самарқандӣ

дар ҷойи аввал

Рӯзҳои 14-23-юми январи соли ҷорӣ дар мактаби варзиши ихтисосонидаи шоҳмот чемпионати Ӯзбекистон байни писар-духтарони 8, 10 ва 12 сола гузаронида шуд.
Дар мусобиқа беш аз 220 нафар шоҳмотбозон иштирок карданд.
Хурсандиовар аст, ки шоҳмотбозони ҷавони вилоятамон Афрӯза Ҳамдамова, Гулдона Каримова ва Комрон Каримов дар гурӯҳҳои худ ғолибиятро ба даст оварданд.
Намояндагони вилоятамон Тоҳир Неъматов, Руқия Олимова ва Рухшона Раҳимбердиева ҷойи дуюмро соҳиб шуданд.

Мухбири худамон.