Маскани кӯдакони хушбахт

Маскани кӯдакони хушбахт

Солҳои охир дар шаҳру деҳоти мамлакатамон муассисаҳои давлатӣ ва хусусии таълими томактабӣ рӯз аз рӯз зиёд мешаванд.
Соли 1995 дар маҳаллаи Оқсойи ноҳияи Нуробод бо роҳи ҳашар боғчаи бачагонаи рақами 5-ро сохта буданд. Он то имрӯз 2 гурӯҳ – 60 нафар кӯдакро ба бар гирифта, таълим ва тарбия медиҳад. Лекин дар маҳалла аз 600 нафар кӯдаки синни томактабӣ танҳо 10 фоизи онҳо дар ин муассиса тарбия мегиранд. Бо талабу дархости сокинони деҳаи Оқсой ва муроҷиати мудираи боғча Рухсора Худойқулова ва мудираи собиқ Гулсанам Замонова боз як хонаҳои иловагӣ сохта истодаанд. Барои таъмиру тармими боғча аз тарафи идораи молияи ноҳия пул ҷудо карданд.
Дару тирезаҳои он нав, бомаш тунукапӯш шуда истодааст. Як гурӯҳ бинокорон деворҳоро андова ва чанд нафари дигар рангубор мекунанд. Дар шафати он бинои боғчаи хусусӣ ва аз ҳисоби ҳомиён масҷид қад афрӯхта истодааст.
Ба боғчаи рақами 5 бозича, мебелҳои нав ва курсиву мизҳои замонавӣ доданд. 17 нафар ходимон бо тарбияи бачагон машғуланд. Аз хизмати ходимони боғча сокинони деҳаи Оқсой мамнунанд. Онҳо умед доранд, ки дар оянда бештари бачаҳои деҳа ба муассисаҳои тарбияи томактабии давлатӣ ё хусусӣ ҷалб карда мешаванд.

Раҳматилло ШАРИФЗОДА.