Мураббияи беҳтарини Пайариқ

Мураббияи беҳтарини Пайариқ

Дар ноҳияи Пайариқ ҳоло 42 муассисаи таълими томактабии давлатӣ фаъолият мебарад, — гуфт мудири шӯъбаи таълими томактабии ноҳия Собир Маҳкамов. – Дар онҳо 4083 нафар хурдтараки аз 3 то 7-сола тарбияву парвариш карда мешавад. То охири сол сохтани боз 3 кӯдакистон ва 65 боғчаи оилавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки баъди бунёди онҳо 40 фоизи бачаҳои аз 3 то 7-солаи ноҳия дар кӯдакистонҳо таълиму тарбия мегиранд.
Яке аз беҳтарин мураббияҳои муассисаи таълими томактабии рақами 39-и ноҳия Наргиза Фармонова соли гузашта дар зинаи ҷумҳуриятии озмуни «Мураббияи сол» иштирок намуд. Вай ба хурдтаракон асосҳои забони русӣ ва англисӣ, бозиҳои шоҳмоту шашкаро меомӯзонад. Тарбиятгирандагони вай Алишер Баҳодуров ва Чарос Қувондиқова ғолиби мусобиқаи ноҳиявии шоҳмотчиён ва шашкабозони синнашон то 7-сола шуданд.

Тоҳир НОРҚУЛОВ.