Навигариҳои тиббӣ

Навигариҳои тиббӣ

Хоби хуш – пешгирии шамолхӯрӣ

Олимони ИМА як қатор тадқиқот гузаронда, ба хулосае омаданд, ки хоб ба сохтори иммунии инсон таъсири мусбӣ расонида, эҳтимоли шамолхӯрии одамонро кам мекунад.
Мутахассисон 170 нафар шаҳрвандро ба ду гурӯҳ ҷудо карда таҷриба гузаронданд. Иштироккунандагони гурӯҳи якум дар як шабонарӯз 5-6 соат ва гурӯҳи дуввум 6-7 соат хоб рафтанд. Намояндагони гурӯҳи дуввум рӯзона низ истироҳат карданд. Тадқиқот 7 рӯз давом карда, дар анҷом иммунитети иштироккунандагон санҷида шуд. Аён гардид, ки сохтори иммунии иштироккунандагоне, ки бештар хобидаанд, беҳтар шудааст. Мутахассисон аҳамияти хобро дар беҳсозии иммунитети инсон ва бо ин роҳ кам шудани эҳтимоли гирифтории шаҳрвандонро ба беморӣ, дар навбати аввал шамолхӯрӣ, тасдиқ карданд.

Маҳсулоте, ки фаъолияти дилро беҳтар месозанд

Олими Донишгоҳи Макмастери шаҳри Гамилтони Канада Салим Юсуф дар бораи маҳсулоти ба дил фоидаовар тадқиқот бурда, муайян кард, ки шир барои беҳсозии фаъолияти дил ва кам намудани хавфи ба бемориҳо гирифторшавии он хизмат мекунад.
Дар тадқиқот 218 нафар иштирок карда, муддати муайян мева, сабзавот, чормағз, мош, лӯбиё, моҳӣ, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ истеъмол карданд. Тадқиқот натиҷаи хуб дод. Қариб дар 50 фоизи иштироккунандагон беҳгардии фаъолияти дил аниқ карда шуд. Мувофиқи маълумоти олим истеъмоли ин маҳсулот рагҳои хунгардро мунтазам тоза карда, бемориҳои дилро кам мекунанд.

Кашфи воситаи доругӣ ба зидди саратон

Соли оянда дар киш­вари Исроил воситаи доругӣ бар муқобили бемории саратон истеҳсол карда мешавад.
Дар бораи ин мутасаддиёни ширкати дорушиносии “Accelerated Evolution Biotechnologies” маълумоти расмӣ паҳн карданд. Ба ҳабдору “MuTaTo” ном додаанд, ки маънои “доруи бисёристифодашаванда”-ро дорад. Назар ба маълумоти мутасаддиён таъсирҳои манфӣ ва асорати ин дору ба организми инсон нисбати дигар дорувориҳо камтар аст.

Бемории аҷиб ва нодир

Phonagnosia бемории аҷибест, ки ҳангоми он инсон садои одамонеро, ки намебинад, наметавонад шиносад.
Барои ин гурӯҳи одамон ҳамаи овозҳо якхела садо медиҳанд, ки дар натиҷа онҳо имкон надоранд ҳатто садои наздиконашонро шиносанд. То моҳи январи соли 2009 табибон чунин мешумориданд, ки ин гуна ҳолатҳо танҳо бо бемороне рух медиҳанд, ки зарбаи апоплексикиро паси сар намудаанд, аммо баъдтар зане ба беморхона муроҷиат кард, ки бо ин беморӣ таваллуд шудааст. Аҷибтараш ин аст, ки одамони гирифтори бемории Phonagnosia оҳангнокии садо ва эҳсосоти ҳамсӯҳбатро хуб дарк мекунанд, аммо ба кӣ тааллуқ доштани онҳоро муайян карда наметавонанд.


Ф.ЮЛДОШЕВ тайёр кард.