соли ҷорӣ Дар соҳаи ҳифзи тандурустии вилоят:

соли ҷорӣ Дар соҳаи ҳифзи тандурустии вилоят:

Солҳои 2019-2020 дар вилоят шумораи клиникаҳои табобатии хусусӣ ба 500 адад мерасад.

Дар байни аҳолии синнашон аз 40 боло оиди касалиҳои иҷтимоӣ пурсиши сикринингӣ (анкета) ташкил карда, мувофиқи натиҷаи он дар ҳудудҳо корҳои профилактикӣ, солимгардонӣ, тарғиботӣ бурда мешаванд. Базаи моддиву техникии тамоми муассисаҳоеро, ки ба тавлид кӯмак мерасонанд, мустаҳкам карда, таъмини онҳо бо дастгоҳҳои замонавии техникиву тиббӣ дар назар дошта шудааст.

Дар назди шӯъбаҳои бачагонаи маҷмӯъҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят шӯъбаи “Реаниматсияи бачаҳо”, ки барои 6 нафар пешбинӣ шудааст, ташкил гардида, бо таҷҳизоти тиббӣ ва штати зарурӣ таъмин карда мешавад.

Дар вилоят беҳтар намудани хизмати нейроҷарроҳӣ дар назар дошта шудааст. Маркази байнивилоятии нейроҷарроҳӣ, ки ба 100 ҷой пешбинӣ шудааст, ташкил ва бо аппаратҳои тиббии замонавии зарурӣ таъмин карда мешавад.

Ба нақша гирифта шудааст, ки дар байни муассисаҳои профилактикии табобатии вилоят ва маҷмӯъҳои тиббиёт бо мақсади зиёд намудани малакаи мутахассисон ва аз тарафи мутахассисони пуртаҷриба ба беморон маслиҳат додан телемедитсина ба роҳ монда шавад.

Дар соли 2019 бо мақсади барои аҳолии шаҳр васеъ ҷорӣ намудани ёрии тиббиву санитарӣ боз 3 поликлиникаи оилавӣ (дар бинои хонаи 10-уми кӯчаи Шота Руставелӣ поликлиникаи оилавии рақами 11, дар бинои мактаби собиқи 59-и маҳаллаи Гулобод поликлиникаи оилавии рақами 13, дар бинои собиқ пункти табобатии деҳоти “Қавола”-и маҳаллаи Қавола поликлиникаи оилавии раҷами 14) ташкил карда мешаванд.