Шӯъбаи нави корҳои дохилӣ

Шӯъбаи нави корҳои дохилӣ

ба 16 маҳалла хизмат мерасонад

Дар мавзеи Қорасуви ноҳияи Самарқанд бинои нави шӯъбаи корҳои дохилии рақами 9-и Садорати мувофиқгардонии фаъолияти органҳои корҳои дохилии шаҳр ба истифода супорида шуд.
Дар тадбире, ки вакилони ҷамоатӣ иштирок карданд, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон П.Бобоҷонов ба сухан баромада, эътироф намуд, ки ҳокими вилоят Э.Турдимов дар сохтори корҳои дохилӣ дигаргуниҳои зиёдро амалӣ менамояд.
Таъкид карда шуд, ки ба туфайли шароитҳои муҳайёгардида ва ислоҳотҳое, ки дар сохтор бурда мешаванд, ба таъмин намудани тинҷиву осоиштагии халқ муяссар мегарданд.
Дар шӯъба барои кор бо муроҷиати аҳолӣ , профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ, корҳои мигратсияи дохилӣ ва расмӣ гардонидани шаҳрвандӣ шароитҳои хуб муҳайё карда шудааст. Хонаҳои инспектори профилактика, тафтиш, маънавият ва маърифат мавҷуд аст. Хонаҳо бо компутер ва воситаҳои алоқавии замонавӣ таъмин гардидааст.

32 нафар ходиме, ки дар шӯъбааамон кор мекунанд, ба шаҳрвандони 16 маҳалла хизмат мерасонанд, — гуфт сарвари шӯъба Ғайрат Ҳалимов. – Ба биноҳои бисёрошёнае, ки ба наздикӣ ба истифода супорида шуд, 88 камераи видеоназоратӣ гузошта шуд. Тавассути дастгоҳҳои назоратӣ дар қисми навбатдорӣ корҳои назоратиро пеш бурдан мумкин аст, ки ин содир гардидани корҳои ҷиноиро пешгирӣ мекунад.
Инчунин, шаҳрвандон имконияти дар худи шӯъба расмӣ гардонидани шиносномаро доранд. Барои аҳолӣ хизмати психолог ҳам ба роҳ монда шуд.
Дар анҷоми тадбир ба шӯъбаи корҳои дохилии рақами 9 автомошини хизматии русуми “Nexia 3”-и Вазорати корҳои дохилӣ супорида шуд.

Б.ХОНКЕЛДИЕВ.