Хабарҳои варзишии вилоят

Хабарҳои варзишии вилоят

Атлетикаи сабук

Рӯзҳои 30-юми январ – 1-уми феврал дар Самарқанд дар байни наврасон ва духтарони солҳои таваллудашон 2006-2007 аз рӯйи атлетикаи сабук чемпионати Ӯзбекистон гузаронида шуд.
Дар маҷмӯи омодасозии захираҳои олимпии Самарқанд атлетҳо дар равияҳои давидан ба масофаҳо 60, 300, 600, 1000 метр, ба 60 метр аз монеаҳо гузашта давидан, ғуррондани ядро, ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ, эстафетаи 4х200 — метра қувваозмоӣ намуданд.
Дар мусобиқа аз Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва тамоми вилоятҳо 268 нафар варзишгар иштирок намуданд.

Ушу

Дар шаҳри Самарқанд аз рӯйи намуди ушуи варзиш мусобиқаи вилоятӣ баргузор гардид. Дар он қариб 100 нафар варзишгарон қувва озмуданд.
Дар мусобиқа ҷамоаи шаҳри Самарқанд ҷойи якум ва варзишгарони ноҳияҳои Каттақӯрғон ва Пастдарғам ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.

Самбо

Дар шаҳри Самарқанд аз рӯйи намуди самбо дар байни мардҳо мусобиқаи вилоятӣ ба амал омад. Дар он ҷамоаи мактаб – интернати ихтисосонидашудаи захираҳои олимпии Тайлоқ ҷойи якумро гирифтанд. Ҷойи дуюм ба ҷамоаи мактаб – интернати захираҳои олимпии Самарқанд ва ҷойи сеюм ба мактаби варзишии бачаҳо ва наврасони ба навъҳои гӯштӣ ихтисосонидашудаи Самарқанд насиб кард.

Ҷ.ОБИДОВ.