Сессияи Шӯрои вилоят

Рӯзи 8-уми феврал сессияи шастуякуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро, ҳокими вилоят Э.Турдимов сарварӣ намуд.
Намояндагон нахуст масъаларо дар бораи афзунсозии сифат ва самарадории ёрии санитарияи тиббии якдафъаина, ки дар вилояти Самарқанд ба аҳолӣ расонида мешавад, боз ҳам мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ, беҳсозии таъмини онҳо бо кадрҳо, ҳолати корҳое, ки бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва маданияти хӯрокхӯрии дуруст дар байни аҳолӣ амалӣ мегарданд, баррасӣ намуданд.
Аз рӯйи масъалаи мазкур ҷонишини вазири Вазорати ҳифзи тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Э.Боситхонова ба сухан баромада, дар бораи натиҷаҳои корҳои омӯзишие, ки аз тарафи гурӯҳи корӣ, иборат аз депутатҳои Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олӣ, кормандони масъули вазорат ва шифокорони Марказҳои илмӣ-амалии тиббии ихтисосонидашудаи ҷумҳурӣ дар вилоят амалӣ гардиданд, маълумот дод.
– Соли 2018 дар бобати таъмини иҷрои қарорҳои сарвари давлатамон доир ба санитарияи тиббии якдафъаина, боз ҳам такмил додани ёрии таъҷилии тиббӣ ва тибби ихтисосонидашуда дар вилоят як қатор корҳо амалӣ гардидаанд, — гуфт Э.Боситхонова. — Аз ҷумла, бо мақсади ривоҷ додани сохтори ҳифзи тандурустӣ ва мустаҳкамсозии базаи моддиву техникӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷа 638,4 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуд, ки ин нишондод нисбати соли 2017 ба миқдори 1,5 баробар зиёд аст. Дар доираи барномаи инвеститсионӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷа дар 38 объект корҳои сохтмонӣ-таъмирсозӣ иҷро шудаанд. Дар доираи барномаи “Қишлоқи обод” дар 15 муассисаҳои табобатӣ ва як шӯъбаи ёрии таъҷилии тиббӣ корҳои бунёдкорӣ-таъмирсозӣ анҷом ёфтаанд.
Ҳиссаи муассисаҳои тиббии хусусӣ нисбати соли 2017 ба 51 фоиз афзуда, теъдоди онҳо ба 365-то расид. Танҳо дар соли гузашта 86 муассисаи тиббии хусусӣ ташкил гардида, фаъолияти 35-тои он васеъ карда шуд.
Аммо баробари корҳое, ки амалӣ мегарданд, дар сох­тор муаммову камбудиҳо вуҷуд дорад. Дар ноҳияҳо, хусусан дар деҳаҳои дурдаст хизматрасонии тиббӣ ба дараҷаи кофӣ нест.

Муассисаҳои ёриву санитарӣ ва базаи моддиву техникии беморхонаҳои марказии ноҳия ба талаб ҷавоб намедиҳанд. Дар муассисаҳо ба мутахассисони соҳа эҳтиёҷ ҳаст. Барои ба роҳ мондани вобастагии узвии байни нуцтаҳои тиббии деҳот, ноҳия ва вилоятии тиббиёт муаммоҳо ба назар мерасанд.
Дар бораи масъалаи мазкур сарвари садорати тандурустии вилоят Д.Ҷуманиёзов, директори филиали самарқандии маркази тиббии илмиву амалии онкология ва радиологияи ихтисосонидашудаи ҷумҳурият М.Ҷӯраев, сарвари иттиҳодияи тиббии шаҳри Каттақӯрғон Ш.Нуруллоева, ҳокими ноҳияи Ургут М.Турдиев ва дигарон муносибати худро баён карданд.
Спикери Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон Н.Исмоилов таъкид намуд, ки дар афзудани сифат ва самарадории ёрии тиббиву санитарии ба аҳолии вилоят расондашаванда, боз ҳам мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии муассисаҳои табобатӣ афзунсозии масъулияти роҳбарони соҳа эътибори ҷиддӣ додан зарур аст.
– Дар давоми ду соли охир муассисаҳои тиббиро бо воситаҳои доруву дармон таъмин намудан 10 баробар афзуд, — гуфт Н.Исмоилов. – Ба аҳолӣ расондани ҳамин гуна мисоли оддиро роҳбари муассисаҳои тиббӣ намедонад. Дар муассисаҳо оиди пулакӣ ё ки бепул будани намуди хизматҳо ба омма равшанӣ андохта нашудааст. Дар аксари роҳбарон доир ба кам намудани бемориҳои афзоянда таҳлил вуҷуд надорад. Таассуфовараш, дар бисёрии мутасаддиён оиди кластер дар соҳаи ҳифзи тандурустӣ, суғуртаи тиббӣ, шарикии давлатию хусусӣ, молиянамоии тиббиёт, ҳимояи тиббиву иҷтимоӣ, механизмҳои идораи тиббиёт фаҳмиши пурра мавҷуд нест. Ба пунктҳои шифокории деҳот, поликлиникаҳои оилавии деҳот кай рафтани ҳокимонро дар маҳалҳо мардум ёд надоранд.
Ҳамин тавр ки бошад, корҳоро оиди афзудани сифат ва самарадории ёрии тиббиву санитарии ба аҳолии вилоят расондашаванда, тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим ва маданияти хӯрокхӯрии дурустро дар байни аҳолӣ боз ҳам вусъат додан лозим аст.
Баъд аз ин, аз рӯйи фаъолияти Комиссияҳои доимии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, инчунин депутатҳои он дар соли 2018 ахбори Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои одоби регламент ва депутатӣ маъқул ва нақшаҳои кории барои соли 2019 муқаррарнамудаи комиссияҳои доимӣ тасдиқ карда шуд.
Инчунин, дар сессия масъалаҳои тасдиқ намудани ахбори ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд О. Хӯҷаев доир ба лоиҳаҳое, ки бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон аз 11-уми октябри соли 2018 “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оиди содданамоии тартиби ба субъектҳои тадбиркорӣ фурӯхтани объектҳои мулки давлатӣ ва ҳуқуқҳои ба участкаҳои замин доштаашон” аз ноҳияҳо тақдим гардидаанд;
ахбори прокурори вилоят Ф.Зуфаров “Дар бораи фаъолият оиди корҳои амалигардидаи мустаҳкамнамоии қонунмандӣ дар вилоят, муҳофизат намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар соли 2018;
ахбори сарвари Садорати корҳои дохилии вилоят А.Тошпӯлодов “Дар бораи дар соли 2018 пешгирии саривақтии корҳои ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҳудуди вилоят, корҳое, ки бо мақсади бартарафсозии сабабҳои он амалӣ мегарданд”;
дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ барои боз ҳам такмил додани фаъолияти роҳбарони 4 сектори шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд;
тасдиқи қарори Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Ҷомбой “Дар бораи номи деҳаи Хони ҳудуди ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи “Бешбола”-и ноҳияи Ҷомбойро бо номи деҳаи Нуробод иваз намудан” дида шуд.
Дар сессия қарорҳо доир ба вазифаи ҷонишинони ҳокими вилоят тасдиқ кардани иҷрокунандагони вазифаи ҷонишинони ҳокими вилоят А.Нурқулов ва А.Шукуров низ тасдиқ гардид.