Ба Қабулхонаҳои халқӣ

Ба Қабулхонаҳои халқӣ

автомашинаи хизматӣ супорида шуд

Ба 16 Қабулхонаи халқии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд фаолият доранд аз тарафи ҳокимияти вилоят автомашинаи “Кобалт” супорида шуд.
Ба ин муносибат дар майдони Кӯксаройи шаҳр тадбири супоридани калиди автомашинаҳо ба амал омад.
Дар он таъкид карда шуд, ки Фармони Президенти мамлакат аз 17-уми январи соли 2019 “Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам такмил додани сохтори кор бо муаммоҳои аҳолӣ” имрӯз барои ба роҳ мондани мулоқоти кушод дар байни аҳолӣ ва органҳои давлатӣ, муайян намудани муаммоҳои асосӣ, таъмини босифат ва дар асоси қонун дида баромадани муроҷиатҳо ба механизми босамар табдил дода шуд.
Дар тадбир калиди мошинҳоро ҳокими вилоят Э.Турдимов, прокурори вилоят Ф.Зуфаров, мудири қабулхонаи халқии вилоят Ш.Узоқов супориданд.

Мошини хизматие, ки ба мо доданд, корамонро боз ҳам осон мегардонад, — гуфт мудири қабулхонаи халқии ноҳияи Оқдарё Абдумаҷид Норбӯтаев. – Ин имконияти дар ҳудудҳои дурдаст гузаронидани қабули аҳолӣ, дар ҷояш ҳал кардани муаммоҳоро васеътар намуд.

Б.МУСТАНОВ.