“Корвони китобҳо” корвони ганҷ аст

“Корвони китобҳо” корвони ганҷ аст

Дар шаҳри Самарқанд “Корвони китобҳо”-ро, ки дар доираи лоиҳаи “Китобхонаи ҷавонон”-и Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ба Самарқанд фиристонданд, тантанавор пешвоз гирифтанд.
Ба ин муносибат дар маркази ҷавонони шаҳр тадбир баргузор гардид, ки дар он кормандони Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, раисони шӯроҳои ҳудудӣ ва фаъолони иттифоқи ҷавонон иштирок карданд. Ба сухан баромадагон оиди афзунсозии таваҷҷӯҳи мардум, бахусус, ҷавонон ба мутолиаи китоб, ташаккули маданияти китобхонӣ, зиёд кардани самарадории корҳои маънавӣ-маърифатӣ ҳарф заданд. Инчунин, дар бораи аҳамият ва мавқеи китоб дар камолоти инсон ва фузунгардии маънавият, саҳми китобхонӣ дар пурзӯрсозии иммунитети мафкуравии насли ҷавон бар зидди ғояҳои бегона ва иллатҳои иҷтимоӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Дар тадбир ба иштироккунандагони викторинаи “Саволу ҷавоб”, ки доир ба маданияти китобхонӣ гузаронида шуд, дастаи китобҳо тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки дар “Корвони китобҳо” ба вилоятамон 38 ҳазор нусха 36 номгӯи китобҳо оварда шуда, ба манзилҳо расонида шуд. Онҳоро ҷамоаҳои мактабҳои таълими умумӣ, хонандагон бо шодмониҳои зиёд истиқбол гирифтанд.

Дилшод ШУКУРОВ,
донишҷӯи факултети филологияи
Донишгоҳи давлатии Самарқанд.