Осорхонаи таърихии Камоли Хуҷандӣ

Осорхонаи таърихии Камоли Хуҷандӣ

Бо ташаббус ва сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дӯстиву рафоқати байни ду халқи ба ҳам бародар аз нав пойдор гардид. Дар муносибатҳои ду кишвар саҳифаи нав кушода шуд, ки он дар таърихи робитаи давлатҳо бо ҳарфи заррин сабт гардид.
Натиҷаи ин муносибатҳо ва мустаҳкамшавии робитаҳо буд, ки сарҳадҳо боз гардиданд, ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа ривоҷ ёфтанд ва муҳимтар аз ҳама мардуми тоҷику ӯзбек, ки солҳо муштоқи ҳам буданд, ба дидори якдигар расиданд. Имрӯз мардум бе ягон мушкилӣ ба дидор ҳам мерасанд.
Баҳори соли 2016 моро насиб шуд, ки ҳамроҳи адиб ва олимони тоҷики Ўзбекис­тон Асад Гулзодаи Бухороӣ, Шониёз Мўсоев ва Файз Маҳмуд дар тантанаҳои иди наврўзи Тоҷикистон ва Анҷумани адибони ҳавзаи Наврўз иштирок намоем. Мувофиқи барномаи ҷашни Наврўз баъди тантанаҳои идона дар Душанбе ҳамроҳи як гурўҳ меҳмонони хориҷӣ ва адибону олимони Тоҷикистон дар тантанаҳои иди Наврўз дар диёри шоири шаҳир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар Зосун ва зодгоҳи Камоли Хуҷандӣ — Хуҷанди бостон низ иштирок кардем.
Дар ҷараёни тантанаҳои наврўзӣ — майдони Камоли Хуҷандиро низ тамошо намудем.
Дар ибтидо мо боздидро аз осорхонаи таърихӣ шурӯъ кардем. Зани оқилаву хушгуфтор Иноят Мирзоева, ки хатмкардаи бахши суханшиносии англисии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буда, таърихи диёрро хеле хуб медонад, моро ба толорҳои ин осорхона роҳбаладӣ намуда, аз таърихи бунёди он, нақшу пайкараҳо ва осори боқимондаи аҷдодон, ки аз ҳар ҷойи Тоҷикистон ба туфайли кофтукови ҳафриётӣ пайдо шудааст, ҳикоят кард. Ҷолиби диққат аст, ки ҳар як пайкараву тасвири ин осорхона аз ҷониби муссаввирон ва пайкарасозони маҳаллӣ бо сангҳои рангаи кӯҳистони Тоҷикистон сохта ва ороиш дода шудааст.

Диёри Тоҷикистон макони кӯҳистон бошад ҳам, кӯҳсораш бой. Дар ин ҷо тамоми маъданҳое, ки дар ҷадвали Менделеев ҳаст, мавҷуд, – бо камоли мамнуният ҳикоят кард роҳбалад. – Хуҷанд шаҳри зебост. Беҳуда нест, ки онро «Тирози ҷаҳон» гуфтаанд. Дар ин ҷо бузургони зиёде гузаштаанд. Қаҳрамони халқӣ Темурмалик барои шарафи ин шаҳр муборизаи шадид бурдааст. Камоли Хуҷандӣ бо ашъори дилпазири худ онро ба олам машҳур кардааст. Хуҷанд шаҳри дӯстӣ, шаҳри ваҳдат, шаҳри шоирону олимон, ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Нақшу нигори толору деворҳои осорхона аз рӯзгори одамони давраҳои гуногун – асри сангу биринҷӣ, замони Зардушту Искандар, истилои арабу муғул то рӯзҳои мо ҳикоят мекунанд…
Баъд моро ба боғи Камоли Хуҷандӣ ҳидоят намуданд. Моро Раиси шўъбаи вилоятии Иттифоқ нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзода ва донишманди ҷавон, раиси Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ Фахриддини Насриддин ҳамроҳӣ карданд. Дар ибтидо мо мақбараи Хоҷа Камолро зиёрат карда, ба руҳи покаш дуои фотиҳа ба ҷо овардем.
Сонӣ ба осорхона – хона-музейи шоири шаҳир қадам гузоштему ин байтҳои шоир, ки мискину бенаво дар ғарибӣ аз олам гузаштааст, ба ёд омад:
Дар даври замон лаҳзае оромиш нест,
Дунёи данӣ макони осоиш нест.
Ин иззату ҷоҳу шавкату мансабу мол
Аз баҳри башар ба ғайри олоиш нест.

Ин осорхона бо қарордоди ҳукумати вилояти Суғд бунёд гардида, дар он тарзи ҳавлию хонасозии замони Хоҷа Камол нигоҳ дошта шудааст.
Ҳавлӣ аз қисмҳои дарун, берун ва боғ иборат буда, ба он аз дарвозаи чўбини пур нақшу нигор медароед. Пеш аз даромадан занҷири зулфини дарро тақ-тақ мезанед. Дар як табақи дарвоза занҷир барои мардон, дар табақи дигар барои занон овезонанд. Роҳбалади мо Иноятхон маънои ҳар яки онҳоро фаҳмонд: агар дар ҳавлӣ мард набошад, ба он ҷо даромадани мард мумкин нест. Занҳо бояд занҷири барои занон муқарраршударо кўбанд, ки овозаш маҳину пасттар аст…
Сонӣ мо вориди ҳавлии беруна шудем, ки дар даромади дар меҳмонхона дорад. Дар ин ҷо китобхона ва дарсхонаи шогирдон ҳам ҳаст. Мо дар ҳамин дарсхона бо мухлисони каломи бадеъ, адибон ва эҷодкорони ҷавон, ворисони сухангўю сухансанҷи Камоли Хуҷандӣ мулоқот оростем. Фахриддин бо навбат ба мо сухан дод. Дар ибтидо меҳмони покистонӣ, донишманди адабиётшинос Орифи Навшоҳӣ, ки доир ба Хоҷа Аҳрори Валӣ ва адибони мумтози форсу тоҷик Алишери Навоӣ-Фонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва чанди дигар тадқиқоти зиёд дорад, суханронӣ кард. Сипас, муаллифи ин сатрҳо оиди омўхтани эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ дар Ўзбекистон, аз ҷумла, аз ҷониби олимони Самарқанд дар барнома ва китобҳои дарсии мактабҳои миёнаву олии Ўзбекистон дохил шудани ҳаёт ва эҷодиёти ӯ, аз ҷониби ҳофизони Ўзбекистон суруда шудани шеърҳои Камол, тарҷумаи ашъори Камол ба забони ӯзбекӣ ва ғайра сухан гуфтам.
Бо фаъолияти «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва маҳфили адабии назди он низ шинос шудем.
Мо қарор додем, ки бо кормандони илмӣ ва ноширони “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, ки чанд китоби гузаштагони моро мукаммалу хушсифат нашр кардаанд, дар бобати тадқиқу нашри осори адибону донишмандони Самарқанду Бухоро ҳамкорӣ намоем.
Сипас, мо ба ҳавлии дарун даромада, бо ашёву анҷоми рӯзгори замони Камол, тарзи бофтани матои адрас ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки занони ҳунарманди Хуҷанд бо маҳорати хоса машғули он буданд, шинос шудем.
Дар охир боғи Камолро, ки қисми сеюми ҳавлиро ташкил менамояд ва бо анвои гулу дарахтон зеб дода шудааст, дидан кардем.
Мо аз ин кошонаи илму адаб бо як ҷаҳон таассурот баромадем ва шоҳиди он шудем, ки Камоли Хуҷандӣ гарчи дур аз Ватан, дар ғарибӣ дунёро тарк намудааст, номи неки ў бо ашъори дилпазираш дар ёди ҳамдиёронаш ҳамеша боқист.

Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
корманди шоистаи фарҳанги
Ҷумҳурияти Ўзбекистон.