Эҷоди Навоӣ ва авлоди ҷавон

Эҷоди Навоӣ ва авлоди ҷавон

Дар мактаби таълими умумии рақами 24-и шаҳри Самарқанд бо ҳамкории маъмурияти мактаб ва Маркази мадани ва истироҳатии аҳолӣ ба номи Амир Темури шаҳр таҳти унвони “Султони мулки шеър” тадбири адабӣ-мусиқии саҳнакунонидашуда барпо гашт.
Тадбирро директори мактаб Тӯйдона Долиева ифтитоҳ бахшида, оиди аҳамияти асарҳои Навоӣ дар тарбияи инсони комил, мазмуну моҳияти онҳо ва доираи мавзӯоти ашъори шоир сухан кард.
– Хонандагоне, ки дар тадбир иштирок карданд, пас аз ба бар намудани либоси шоиру мутафаккирон барои офаридани симои асили онҳо аз таҳти дил кӯшиш карданд, — гуфт омӯзгори фанни забон ва адабиёти ӯзбеки мактаб, ташкилкунандаи тадбир Нигора Расулова. – Барои ба насли наврас дақиқтар омӯзонидан ва фаҳмонидани моҳияти асарҳои Алишер Навоӣ аз намоишҳои саҳнавӣ истифода бурдем. Бовар дорем, ки бо ин роҳ хонандагони мо дар бораи эҷоди Навоӣ ба маълумоти бештар соҳиб гардиданд.
Хонандагон аз ғазалиёти шоир қироат карда, бо рақсҳои зебои худ табъи иштирокдоронро болида намуданд.

Очил ҶУМАНАЗАРОВ,
роҳбари бадеии Маркази маданӣ ва истироҳатии аҳолӣ ба номи Амир Темури шаҳри Самарқанд.