Курсҳои такмили ихтисоси ошпазон

Курсҳои такмили ихтисоси ошпазон

Рӯзҳои 7-9-уми феврали соли ҷорӣ дар меҳмонхонаҳои Самарқанд бо мақсади беҳсозии сифати хизматрасонӣ ба сайёҳоне, ки аз рӯйи равияи туризми зиёрат ташриф меоранд, барои ошпазони самарқандӣ курсҳои махсуси омӯзишӣ ташкил гардиданд.
Курсҳо аз тарафи сармуҳандиси “Иттиҳодияи ошпазони Ӯзбекистон” Толибҷон Умаралиев ва ошпази тоифаи байналхалқӣ, ки дар сохтори ”Ҳалол”-и Индонезия таҷриба зиёд кардааст, мураббӣ Аҳмадҷон Ҳамдамов гузаронида шуданд.
Дар курсҳо ошпазон ба таҷрибаи корӣ дар асоси стандартҳои ҳалол соҳиб гардида, донишҳои соҳаи ошпазии худро афзун намуданд.
Дар анҷом аз тарафи ташкилотчиёни курс ба ошпазони меҳмонхонаҳои “Xan Atlas”, “Grand Nazar”, “Royal Hall”, “Зилол Бахт” ва “DiliMah Premium Luxury”-и шаҳр унвон ва дипломи дараҷаи сеюми байналхалқӣ тақдим гардид.