Кӯдакистонҳои нодавлатӣ  боз якто зиёд шуд

Кӯдакистонҳои нодавлатӣ боз якто зиёд шуд

Дар маҳаллаи Талибарзуи поёни ноҳияи Самарқанд дар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ муассисаи таълими томактабии нодавлатии “Нуршод-файз” ба фаъолият оғоз намуд.
Муассиса бо ташаббуси собиқадори меҳнат Соҳиба Муҳиддинова, ки зиёда аз 30 соли умри худро баҳри таълиму тарбияи кӯдакон бахшида, тӯли солҳо ҳамчун мудираи муассисаи таълими томактабии рақами 15-и ноҳия кор кардааст, бунёд гардид.
– Дар нафақа бошам ҳам, аз имкониятҳое, ки Сарвари мамлакатамон ба муассисаҳои таълими томактабии хусусӣ фароҳам овардаанд, истифода бурда, ба кушодани кӯдакистони хусусӣ аҳд кардам, — иброз дошт мудираи муассиса С.Муҳиддинова. – Соли гузашта аз бонк 150 миллион сӯм кредит гирифта, бо усули замонавӣ ва таҷҳизоти нав барои 100 нафар хурдсол кӯдакистон бунёд кардем. Ҳоло барои таълиму тарбияи хуб гирифтани фарзандони мардум ба қадри имкон кӯшиш мекунем. Дар муассиса забонҳои русӣ ва англисӣ омӯзонида мешавад. Ғайр аз ин, ба роҳ мондани фаъолияти маҳфилҳои санъати тасвирӣ, мусиқӣ ва гимнастика дар назар аст.
Дар муассисаи таълими томактабии хусусии “Нуршод-файз” ҳафт нафар бонувони маҳалла, ки чор нафарашон соҳиби маълумоти олӣ мебошанд, кор мекунанд. Кӯдакис­тон дар асоси барномаи “Қадами нахустин” корбарӣ менамояд. Ба кӯдакистон ғайр аз маҳаллаи Талибарзуи поён аз маҳаллаҳои дигар низ кӯдакон меоянд.

Малика ҶУМЪАЗОДА.