Бобур дилбохтаи Самарқанд буд

Бобур дилбохтаи Самарқанд буд

Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар таърих на танҳо чун сипаҳсолор ва шоҳи номвар – асосгузори сулолаи бобуриҳо дар Ҳиндустон, балки ҳамчун шоири дилбар, адиби таърихнигори соҳибзавқ ва олими дақиқназар низ маъруф аст. «Бобурнома»-и ӯ асари нодири таърихӣ-бадеист, ки имрӯз ҳам барои муаррихону этнографҳо, адабиётшиносону шарқшиносон ва ғайра мароқангезу пурбаҳо мебошад. Ин манбаи арзишманди садаи ХVI дар таҳқиқи маҳалу мавзеъҳо ва урфу одатҳои мардуми кишварамон низ шоистаи эътибор аст. Бино бар маълумоти олимони бобуршинос дар он қариб 2000 номгӯйи ҷуғрофӣ, аз ҷумла, зиёда аз 800 номи маҳал ва шаҳру ноҳияҳо, қариб 100 номи дарёву кӯлҳо, 80 номи кӯҳу ағба ва ҳоказо оварда шудаанд.
Адиби таърихнигор дар асари худ хонандаро бо ҳаёти маданӣ ва иқтисодии шаҳру мавзеъҳои ватанӣ — Андиҷон, Ахсикат, Фарғона, Тошканд, Бухоро, Қаршӣ ва дигарҳо ошно намуда, дар бораи онҳо бо меҳру самимият сухан кардааст. Ин гуна тавсифҳоро дар навиштаҷоти ба Самарқанд, мавзеъҳо ва мардуми он бахшидаи ӯ ҳам равшан мушоҳида намудан мумкин аст, ки аз рӯйи тартиби муайян қаламдод шудаанд.
Дар манбаъҳои қадима ва ривоятҳои таърихӣ Самарқандро чун шаҳри муназзеҳ ва пок бо фахр қаламдод карда, шаҳри маҳфуза хондаанд. Чунончи, Шайх Абӯсаид Абдулкарими Самъонӣ дар таърифи он навиштааст: «Онро Самарқанд нагӯед, балки шаҳри маҳфуза гӯед… Вай дарвозаҳо дорад. Дар болои ҳар як дарвоза малакест, ки ӯро ҳифз мекунанд, онҳо тасбеҳ мегӯянд ва «Ло илоҳа иллаллоҳ» мегӯянд. Дар болои шаҳр 5000 малоик болҳои хешро паҳн менамоянд, то он ки аҳли онро ҳифз намоянд. Аз болои онҳо малакест, ки вай ҳазор сар, ҳазор даҳон ва ҳазор забон дорад, ки нидо менамояд: Эй доим, эй доим, эй Аллоҳ, эй Самад, ин шаҳрро ҳифз намо».
Бобур ҳам дар ин хусус бо камоли меҳру самимият менависад: «Дар рубъи маскун шаҳри латифе мисли Самарқанд камтар аст. Аз иқлими панҷум… Вилояташро Мовароуннаҳр гӯянд. Бино бар он, ки ҳеҷ душман онро бо қаҳру ғалаба ба даст надаровардааст, шаҳри маҳфуза гӯянд» (иқтибосҳои минбаъда низ дар тарҷумаи мо – А.С.).
Минбаъд муаллиф дар замони ҳазрати амирулмӯъминин Усмон мусулмон шудани мардуми Самарқанд, барои ин аз саҳобаҳо Қусам ибн Аббос омаданаш, қабри ӯ дар сари Дарвозаи оҳанин ва ҳоло ба мазори Шоҳ машҳур буданаш, шаҳрро бино кардани Искандар, онро улуси муғул ва турк Семизканд гуфтанашро ёдрас мекунад. Менависад, ки «мисли Темурбек подшоҳи бузурги дигаре Самарқандро пойтахт накардааст. Фармудам қӯрғонашро аз болои девораш қадам зананд. Даҳ ҳазору шашсад қадам баромад».
Ба андешаи Бобур, мардуми Самарқанд накӯкору некӯсиришт, баландназару бошуҷоат ва ҳамидахулқанд. Аз ин шаҳр бузургворони зиёд ба камол расидаанд: «Мардумаш ба тамом суннӣ ва покмазҳаб ва муташарриъ ва боимону бодиёнат. Аз замони ҳазрати рисолат то имрӯз он миқдор имомҳои ислом дар Мовароуннаҳр пайдо шудааанд, ки ин миқдор дар ҳеҷ вилояти дигар дида намешавад. Чунончи, аз имомҳои калом Шайх Абӯмансур. Аз маҳаллаи ба ном Мотуруди Самарқанд аст… Боз соҳиби «Саҳиҳи Бухорӣ» Хоҷа Исмоили Хартангӣ ҳам аз Мовароуннаҳр аст».
Дар «Бобурнома» ин гуна маълумот дар асоси мушоҳидаҳои бевоситаи муаллиф хеле дақиқ оварда шуда, аз муболиға ва баёноти шунида, ки хоси саёҳатномаҳост, тиҳӣ мебошад. Инро худи адиб ҳам ин тавр таъкид кардааст: «Ҳар чизи ин ҷо баёнгардида ҳақиқат аст… Ман ба он кӯшиш намудам, ки ҳар калимаи гуфташуда ҳақ ва ҳар воқеаи содиршуда айнан баён ёбад».

Минбаъд Бобур дар бораи мавқеи ҷуғрофии шаҳр маълумот медиҳад: «Самарқанд аз ҷониби шарқ бо Фарғонаву Қошқар, аз ҷониби ғарб бо Бухорову Хоразм, аз шимол бо Тошканду Шоҳрухия, ки Шошу Банокат гӯяндаш, аз ҷануб ба Балху Тирмиз ҳамшафат аст. Аз шимолаш оби Кӯҳак ҷорист, ки аз Самарқанд ду куруҳ. Миёни ин дарё ва Самарқанд як пуштае афтодааст, ки Кӯҳак гӯянд. Ин дарё аз поёни он ҷорист. Аз ин дарё рӯди бузурге, балки дарёчае, ҷудо мешавад, ки оби Дарғам гӯяндаш».
Бобур, инчунин меваҷот ва маҳсулоти бозоргири Самарқандро самимона тавсиф менамояд.
Ба қавли Бобури дақиқназар ва мушоҳидакор: «Самарқанд аҷаб шаҳри оростаест, дар ин шаҳр як хусусият ҳаст, ки дар кам шаҳре ин тавр воқеъ бошад, ҳар ҳунарпеша соҳиби бозори ҷудогона аст, ки бо бозорҳои дигар омехта нест, ҳамин тавр расм шудааст. Нонвой ва ошпазҳои хубе дорад».
Ҳамин тавр, дар «Бобурнома оиди ҳаёти маданӣ ва иқтисодии Самарқанд, маҳсулоти бозоргир ва мардуми соҳибзавқи он маълумоти мароқангез оварда шудааст, ки имрӯз ҳам боиси болидахотирӣ ва ифтихормандии халқаш мебошанд. Хонанда аз рӯйи ин маълумот метавонад ҳаёти иқтисодии асримиёнагии мардумро бо ҳозира қиёс кунад.
Бобур мавриди тавсифҳо аксар аз муқоиса фаровон истифода бурдааст. Чунончи, ӯ ба сард будани фасли зимистон ва мӯътадил будани тобистони Самарқанд дар гармию сардӣ ишора карда, чунин натиҷа мегирад: «Зимис­тонаш сахт хунук аст, ҳарчанд барф он ҷо мисли барфи Кобул намеафтад. Тобистонҳо ҳавои хуш дорад, ҳарчанд мисли Кобул нест».
Минбаъд, Бобур иморат ва боғоти Соҳибқирон Темурро бо муҳаббати самимона тавсиф намуда, аз амалҳои бунёдкоронаи ӯ ифтихоромез менависад: «Темурбек дар арки Самарқанд як қасри бузурге бино кардааст, даҳошёна, мавсум ва машҳур ба Кӯксарой ва иморати бисёр олист. Боз дар шафати Дарвозаи оҳанин дар дохили қалъа як масҷиди ҷомеъ бино кардааст, ки сангин аст, дар он аксар сангтарошони аз Ҳиндустон овардашуда кор кардаанд… Ин ҳам иморати бисёр олиест. Дар шарқи Самарқанд ду боғ бино кардааст, яке андаке дуртар, Боғи Бӯлду аст, наздиктараш Боғи Дилкушо. Аз он то дарвозаи Фирӯза хиёбон сохтаанд, дар ду тарафи он дарахтони сафедор шинондааст. Дар Дилкушо ҳам кӯшки бузурге сохтааст, дар ин қаср ҷанги Ҳиндустони Темурбекро тасвир кардаанд. Боз дар доманаи пуштаи Кӯҳак, дар болои сиёҳоби Конигил, ки онро Обираҳмат гӯянд, мавсум ба Нақши ҷаҳон боғе бино кардааст. Ҳангоми дидани ман ин боғ вайрона буд ва ҳолоташ гувоҳӣ медод, ки дер наистад. Боз дар ҷануби Самарқанд Боғи Чинор аст, ки ба қалъа наздик мебошад. Дар шафати поёнии Самарқанд Боғи Шамол ва Боғи Биҳишт аст».
Дар баробари ин, дар хусуси мадрасаву хонақоҳ, расад ва боғоти Улуғбек ҳам маълумоти дақиқ медиҳад, ки пурқиматанд. Чунончи, мехонем: «Аз иморатҳои Улуғбек мирзо, ки даруни қалъаи Самарқанд сохтааст, мадраса ва хонақоҳ аст. Гумбази хонақоҳ хеле гумбази бузург аст, ки мислаш дар олам нест, гӯён нишон медиҳанд. Боз дар шафати ин мадрасаву хонақоҳ ҳаммоми хубе бино кардааст, машҳур ба Ҳаммоми мирзоӣ, дар он аз навъҳои ҳархелаи санг фаршҳо кардааст. Ба ин монанд ҳаммоме дар Хуросон ва Самарқанд маълум нест ва набошад. Боз дар ҷануби ин мадраса як масҷид бино кардааст, масҷиди Муқаттаъ гӯянд. Аз он ҷиҳат Муқаттаъ гӯянд, ки чӯбҳоро қитъа-қитъа тарошида, нақшҳои ислимӣ ва хитоӣ андохтаанд, тамоми девораҳо ва сақфи он ба ин тарз аст. Дар байни қиблаи ин масҷид ва қиблаи мадраса тафовути бисёрест… Боз як иморати олиаш дар доманаи пуштаи Кӯҳак расад мебошад, ки олоти навишти ҷадвали нуҷумист. Сеошёна аст. Улуғбек Мирзо бо ин расад Зичи Кӯрагониро офаридааст, ки ҳоло оламиён онро истифода мебаранд…»
Бобур дар бораи дигар қисматҳои сарсабз ва ободу фараҳфизои Самарқанд ҳам маълумоти ҷолиби диққат дода, мавқеи ҷуғрофии онҳоро баён кардааст: «Яке аз марғзори машҳур сабзазори Конигил аст. Аз шаҳри Самарқанд ба тарафи шарқ воқеъ, нимааш ба шимол мойил, як шаръӣ мебошад. Сиёҳоб, ки Обираҳмат ҳам гӯяндаш, аз мобайни Конигил ҷорист, оби ҳафт-ҳашт осиёро дорад. Атрофи ин об батамом обгир аст. Баъзеҳо гӯянд, ки номи аслии ин марғзор Кони обгир будааст, вале дар китобҳои таърих батамом Конигил нависанд, сабзазори хеле хубест…».
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо баъзе номҳои ҷуғрофии мавзеъҳои дар «Бобурнома» овардашуда аз байн рафтаанд Мисолан, боғҳои Бӯлду, Биҳишт, Дилкушо, Нақши ҷаҳон, дарвозаҳои Феруза, Оҳанин, Шайхзода, масҷидҳои Муқаттаъ, Лақлақа, марғзорҳои Кулба, Бӯдана, кӯли Мағок, кӯҳи Шовдор ва ҳоказо. Номи чунин мавзеъҳо, монанди Миёнкол (шаҳри Каттақӯрғон), туманҳои Тарнов, Канбой (шояд Ҷомбой бошад?!), оби Кӯҳак (дарёи Зарафшон), пуштаи Кӯҳак (кӯҳпояи Чӯпонота), Юрти хон (Дараи хон — водии чуқури дарёи Зарафшон), пули Мағок, пули Муҳаммад Чаб, пули Мирзо, работи Хоҷа, Ғори ошиқон ва ғайра андаке ё пурра дигар шудаанд.
Дар асар шарҳи луғавии номҳои мавзеи Конигил, Чинихона, масҷид­ҳои Лақлақа, Муқаттаъ ва дигарҳо оварда шудаанд, ки моҳияти хоси топономикӣ дошта, мисли шаҳри Қаршӣ (аз забони муғулӣ гирифта шуда, маънои «қабристон»-ро дорад), арзишманданд.
Ҳамин тавр, «Бобурнома» на танҳо қимати баланди бадеӣ-таърихӣ, инчунин моҳияти калони этникию ҷуғрофӣ дошта, дар тарбияи ҳисси ватанпарварии мардум саҳми муносиб дорад.

Абдусалом САМАДЗОДА,
олими адабиётшинос.