Раиси маҳалла ғамхори аҳли маҳалла бошад

Раиси маҳалла ғамхори аҳли маҳалла бошад

Барои ҳаёти тинҷу осоишта ва ободии маҳаллаҳо саҳми раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо калон аст. Моҳи май интихоботи раис ва аъзоёни ӯ баргузор мегардад.
Аз ин пеш интихоботи раисони маҳалла, маслиҳатчиёни он дар муддати 2,5 сол гузаронида мешуд. Имсол бошад, бо роҳи овоздиҳии пӯшида дар муддати се сол интихоб карда мешаванд.
Мо барои гузаронидани интихобот аз ҳоло тайёрӣ дида истодаем. Маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Ургут калон аст. Дар он қариб 11 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд.
Раисони маҳалла, ки дар оянда интихоб мешаванд, дар муддати се сол ба халқ хизмат ва ба манфиати тараққиёти мамлакат бояд корбарӣ карда тавонанд.
Онҳо шахсони маълумоташон олӣ, камаш стажи кории панҷсола дошта, дар оила ва байни мардум сазовори ҳурмат бояд бошанд. Ҳамчун тарғиботчии хуб мардумро ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда тавонанд.
Бо ин мақсад дар маҳалла иборат аз 11 нафар гурӯҳи кориро ташкил кардем. Ҳар кадоми онҳо аз ҳар гузари маҳалла мебошанд.
Аъзоёни комиссия дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Роҳу усулҳои пешбарии номзадҳо, тарзи гузарондани интихоботро мефаҳмонанд. Умед дорем, ки интихобот бо савияи баланд мегузарад.

Мурод ҚУРБОНЗОДА.