Нарзи даст

Нарзи даст

Ассалому алайкум, ҳаммаатон нағз-мӣ? Сиҳату саломат ҳастетон-мӣ? Бисёр интизор кардем аз афташ?! Ҳеҷ гап не, дер ояду шер ояд мегӯянд. Худо ба шумо меҳмони нав дод: аз таҳти дил ҳамекатона табрик мекунем. Писарча! Дадаи бача ҳамин ҷо? Падарарӯсу модарарӯс, хоҳару авсунҳо, қудоҳо… Э шумо ҷудо кам-ку. Хайр, шоҳписар муборак шавад! Писар ин тоҷи сари падар. Хурсанд шавед. Шумо марди Хоҷаи Хизр назаркарда будаед. Қалпоқатона ба осмон партофта, дошта нагиред. Ҳа, ба ин хел шараф ҳар кас ҳам мушарраф намегардад…
Боз шумо ба хаёлҳои ботил рафта, гумон накунед, ки мо барои шодиёнагирӣ баромадем. Не! Барои мо ҳеҷ чиз даркор не. Ин хел кор ба этикаи табибон ҳам рост намеояду қасами ба номи Гиппократ хӯрдаи мо ҳам. Мо фақат барои хотирҷамъу хурсанд кардани шумо баромадем.
Келинпошшо таваллуд карданду мо зада баромадем, ки ба интизории дурударози шумо «точка» монем. Дар дунё интизорӣ барин чизи ганда нест. Қариб ҳашт соат дер монданамон сабабҳои субъективию объективӣ дорад. Таваллуди кӯдак ниҳоят душвору хатарнок шуд. Рости гап, ин кори осон не. Сад бор мурда, аз нав зинда шудан кати баробар. Аз келинпошшо дида, мо бисёртар азоб кашидем. Худи писарча ҳам қӯчқор барин калонакак будааст. Чор килою дусад грамм! Йигити мешудагии пулёбу дилёб аз рӯзи ба дунё омаданаш маълум. Ба зудӣ, ки тоҷи саратон ба дунё наомад, ишками келинро чок карда, кӯдакро гирифтанӣ шудем. Ин ҳам азоби келину ҳам азоби бача мешуд. Будагиву набудагӣ донишу маҳоратамонро ба кор андохтем. Ниятҳо, ки холис будааст, ниҳоят ҳамааш ба хубӣ анҷом ёфт. Набошад барои ину он доруву дармонҳо ва тақар-туқурҳои дигар боз 300-400 долларатон мерафт. Як гуфтаатон будааст. Лекин дар ин кор бо сарварии сардухтурамон, гинеколог, акушер, хирург, ду хоҳари шафқат, момодоя, фаррош ва дигарон хуб азоб кашидем. Ҷавоби ин хел хизматҳои мо, албатта, ҳам аз шумою ҳам аз Худо бармегардад. Ҳозир аҳволи келинпошшову бача нағз, ҳатто гуфтан мумкин олиҷаноб. Умуман, ҳамаи корҳои дунё бахайр анҷомад, нағз. Албатта, дар ин кор саҳми шумоён ҳам калон. Дар берун ба мо қуввати дил шуда истодед. Вале шумоён кам барин. Аз паси баъзе зану келинчакҳо гурӯҳ-гурӯҳ хешу таборашон омада, таваллуд шудани кӯдакро мепоянд. Баъди шунидани хабари хуш ҳамакаса шодиву хурсандиҳои худро дар дилашон ғунҷонида натавониста, аз болоямон пулпошӣ мекунанд. «Не» гӯем ҳам, ба кисаҳоямон даста-даста пул меандозанд. Ин одат, ириму ҷирим, анъанаи садақаи сари кӯдаки навзод аз бибиву бобокалонҳои мо мерос мондагӣ-дия? Иҷро накунем, рӯҳу арвоҳашон нотинҷ мешавад… Мо ҷӯгӣ не. Дард кардани дастонамонро намехоҳем. Миссияи мо – миёнаравӣ. Миёнаравии ба дунё овардани кӯдаки навзод. Садақа не, аз рӯйи расму оин нарзи даст гуфтани гапҳо ҳаст. Он тарафаш ба худатон ҳавола.
Уф-ф, ана чӣ хеле, ки мебинед, ман аз хурсандӣ дар куртаам нағунҷида, чӣ хел гап­ҳои алмоӣ-алҷойӣ гуфта истодаам. Ба шумо дурӯғу ба Худо рост, мо аз ҳамаи шумоён дида, бештар хурсанд. Ба болои хурсандӣ — хурсандӣ зам кунед, тӯй мешавад.
Ҳа, чӣ хеле, ки гуфтам, барои мо ҳеҷ чизатон даркор не. Аз боло ягон кас фаҳмад, ҷанг мекунад. Ба ин калонҳои райздраву облздрав ҳайрон. Қиблаашон ба кадом тараф аст, рости гап, худашон намедонанд. Гиред ҳам ҷанг мекунанду аз нӯгаш ба онҳо надиҳед ҳам. Ана ҳамин хел: мо берӯзии бечораҳо дар байни обу оташ мондагӣ. Дарвоқеъ, кори фаррошамон бисёр бошад, ки маошаш кам. Рӯзе даҳ-дувоздаҳ маротиба родилний залро шуставу тоза карда мебарояд. Худаш ҳам аёлманд. Ба дарбони роддом ҳеҷ чиз надиҳед ҳам, мешавад. Вай аз ҳисоби даробарои мошинҳо ғилдираки зиндагиашро равған карда мегардад. Сагу гурбаҳои гирду атрофи таваллудхона ҳам, бо чашми умед ба дасти мо менигаранд. Ягон чиз ба пешашон напартоед, аз рӯйи гуманизм не.
Э-ҳӯ, барнойигит, ба шумо чӣ шуд? «Писардор шудам» гуфта, аз хурсандӣ беҳуш шуда наафтед-дия. Ман инҳоро ҳамин хел, дар омади гап гуфта истодаам. Барои саломатии ҳамсару ояндаи писарчаатон ҳар чӣ қадаре хоҳеду ҳамчун нарзи даст диҳед, мо «зиёд шуд» намегӯем.
Худо, ки ба шумо дод, шумоҳон ҳам сахтакӣ накунед. Дасти диҳанда боло. Боз рӯзи бурдани кӯдак ҳам миёнатонро бақувваттар баста биёед…

Бахтиёри ҶУМЪА.