Мавҷудияти муаммо

Мавҷудияти муаммо

ба сифати кор таъсир мерасонад

Маҳаллаи Равонак сол аз сол ободу зебо мегардад. Дар маркази маҳалла бинои дуқабатаи шифохонаи бемориҳои сироятӣ аз солҳои 1990-1991 инҷониб ҳазорҳо беморони зардча, дарунрав, тиф ва дигарро табобат намуда, шифо бахшид. Бо мурури замон бино ва ашёи тиббӣ кӯҳна шуда, ба ҳолати корношоям афтид. Аз бом чакраҳои борону обҳои барфи зимистон ба дохили хонаҳову роҳравҳо фаромаданд. Девору шифт ва фарши бино заҳ кашиду шӯр баст. Дар фасли зимистон хонаҳо хунук шуда, барои шифоёбӣ имконият нашуд. Беморон барои шифоёбӣ ба шифохонаҳои шаҳр рафтанд. Ҳавлӣ ва замини шифохона тақсим шуд. Тадбиркорону корчаллонҳо биноҳои баланди 2-4 қабата сохта қисми пеши шифохонаро банд намуданд. Ҳатто дарвозаи даромад ҳам аз байн рафт.

Фаъолону нафақахӯрони маҳаллаҳои атроф – Шӯрбоиву Равонак, Шӯрбоичаву Найзатеппа, Кӯтармаву Талибарзу, Найману Боғитилло, Қӯлбаву Андиҷонӣ борҳо ба роҳбарони ноҳияву вилоятии шӯъбаву садорати ҳифзи тандурустӣ муроҷиат намуданд. Дар анҷом қарор доданд, ки бинои шифохонаро дар паҳлӯи шифохонаи ноҳиявӣ (ВНИИК) сохта, он ҷо мекӯчонанд. Бо сарварии сардухтури шифохонаи марказӣ, мудири шӯъбаи нигаҳдории тандурустии ноҳия Фурқат Валиев бинои нави зебо сохта шуда, шӯъбаи касалиҳои сироятӣ ташкил карда шуд.
Ин ба ходимону шифокорони шифохона тӯҳфаи солинавӣ буд. Ба наздикӣ ба ин маскани шифо омада бо сардухтур Холида Бердиқулова ҳамсӯҳбат шудем.
– Дар маскани нави табобатӣ шароитҳо чӣ гуна аст?
– Дар ҳақиқат, бино ва ҷойи нав ба кас ҳаловат мебахшад. Бо ғайрати дучанд меҳнат намуда, ба беморон шифо бахшидан вазифаи асосии мост хизмат мекунанд.
Ҳоло дар маскани мо 14 палатаву 35 кати беморӣ мавҷуд аст. 4 нафар шифокори тоифаи олӣ ва 40 нафар ҳамшираҳову ходимони тиб ба корафтодагон хизмат мерасонанд. Хонаву (палата) коридорҳо гарм. Гази табииву қувваи барқ мавҷуд.
– Беморон аз хизмати шифокорону ҳамшираҳо мамнунанд? Хизмати кадом шифокору ҳамшираҳо шоистаи таҳсин аст?
– Албатта. Беморро дар қабулхона аз назар гузаронида, ёрии аввалинро мерасонем. Шифокори нав Маҳзуна Зокирова ва ҳамшира Мунира Ҷумаева пас аз санҷиш беморро ба палата мегузаронанд. Ба ғайр аз палатаҳо чорто палатаи махсус (бокс) барои беморони аҳволашон вазнин мавҷуд аст. Хизмати шифокор Маҳмудҷон Нарзиев барои тез шифо ёфтани беморон калон аст. Ӯ зиёда аз 30 сол дар шифохонаи касалиҳои сироятӣ хизмат кардааст. Дониш ва таҷрибаи калон дорад.
– Оё барои пешрафти кор муаммоҳо мавҷуданд?
– Як асбоби хуб – дизакамера дорем. Он ҳамаи пастелу мадрас, кампалу кӯрпаҳоро тозаву дизенфексия мекунад. Афсӯс, ки ҳоло таҷҳизоти нави ҳозиразамон надорем. Телефон мумкин аст дар рӯзҳои наздик шавад. Сифати таъмири баъзе қисмҳои бино хуб нест. Линолиуми фарши хонаҳо хеле тунук аст. Ғайр аз ин, дастаи дарҳо нозук буда, ҳангоми кушодаву пӯшидан беҷо мешаванд. Барои пеш бурдани кор, тайёр намудани ҳуҷҷатҳо компутер лозим аст. Агар ҳамин норасоиҳо бартараф шаванд, сифати кор боз ҳам беҳтар мешавад. Чунки мавҷудияти муаммо албатта ба сифати кор таъсир мерасонад.
– Дар шӯъбаи касалиҳои сирояткунанда чӣ гуна бемориҳо табобат карда мешаванд?
– Касалиҳои сирояткунанда асосан дар фасли тобистону тирамоҳ меафзояд. Чунки дар ҳавои гарму тафсон сифати чизҳои хӯрданӣ зуд вайрон мешавад. Пашшаву дигар ҳашаротҳои зараровар зиёд мешаванд. Онҳо касалӣ меоранд. Шикамдарду дарунравӣ, қайдкунӣ афзун мегардад. Ғайр аз ин, бо бемориҳои заҳролудшавӣ, зардча, тиф ба шифохонаи мо муроҷиат менамоянд. Касалии зардча гузаранда аст. Агар як аъзои оила ба ин беморӣ дучор шавад, ба дигар шахс ҳам гузаштанаш мумкин аст. Инфексия аз 15 то 45 рӯз ба якдигар мегузарад. Барои пешгирӣ намудан хонаи беморро ҷудо намуда, зарфҳои хӯроку нӯшиданӣ, сачоқу дастархонро алоҳида ва хонаҳоро дизенфексия намудан лозим аст.
Бо қарори Президенти мамлакатамон Ш.Мирзиёев оиди беҳсозии сиҳативу солимии халқамон дар назди муассисаҳои табобатӣ – шифокорон ҷавобгариву масъулияти калон гузошта шуд. Поликлиникаву марказҳои табобатӣ ба поликлиникаҳои оилавӣ табдил ёфтанд. Ҳоло ҳамшираҳо хона ба хона гашта, аз аҳволи аъзоёни оила, аз ҷумла беморон хабар мегиранд. Ба онҳо ёрии амалӣ расонида, маслиҳат медиҳанд.

Раҳматилло ШАРИФЗОДА.