Ассотсиатсияи нав ташкил мегардад
Businessman | Hand drawing social network

Ассотсиатсияи нав ташкил мегардад

Бо мақсади таъмини мониторинги сохтории афкори умум ва дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ истифода аз натиҷаҳои онҳо, инчунин, дар амал иҷро кардани вазифаҳои устувори Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти устувори ривоҷдиҳии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 22-юми феврали соли ҷорӣ “Дар бораи чораву тадбирҳои аз тарафи давлат дастгирӣ намудани гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ” қабул гардид. Мувофиқи фармон:
Маркази омӯзиши афкори умум – “Фикри иҷтимоӣ” аз нав чун Маркази омӯзиши афкори умумиҷумҳурӣ “Фикри иҷтимоӣ” номгузор шуд.
Вазифаҳои маркази “Фикри иҷтимоӣ” доир ба ҳар як соҳа муқаррар гардид.
Марказ аз ҳисоби маблағҳои Фонди ҷамоатии дастгирии ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандии назди Маҷлиси Олӣ таъмин мегардад.
Натиҷаи пурсишҳои сотсиологӣ, ки аз тарафи Марказ гузаронида мешавад, дар ҷамъомадҳои ҳукумат ва раёсати он мунтазам муҳокима карда мешавад.
Дар марказ барои дар байни аҳолӣ гузаронидани пурсишҳои блитс фаъолияти call-марказ ба роҳ монда мешавад.
Аз соли хониши 2019-2020 дар муассисаҳои таълими олии дахлдор кафед­раҳои сотсиология ва тадқиқотҳои сотсиологӣ кушода мешавад.
Ассотсиатсияи сотсиологҳои Ӯзбекистон ташкил мегардад.