Усули «конверт»

Усули «конверт»

бар зарари нафақаи ояндаатон аст

Ҳар як одам мехоҳад бо ҳурмату эҳтиром ба нафақа барояд ва гашти пирӣ ронад. Вале ҳоло баъзе шаҳрвандон шартномаи расмӣ набаста, кафолати ҳифзи ҳуқуқи меҳнатиро нагирифта, музди меҳнатро ба тарзи «конверт» гирифта, кор мекунанд.
Кордиҳанда ба ҳисоб-варақаи шахсии замшавандаи нафақаи чунин коргарон барои нафақа пардохт намекунад. Дар натиҷа, ин шахсони ба синни нафақа расида, дар пиронсолӣ барои худ муаммо зиёд мекунанд.
Дуруст, то ҳол шумораи ходимон ба андозе, ки корхона мепардохт, таъсир мекард. Аз 1-уми январи соли 2019 барои ба тадбиркорон фароҳам овардани шароити боз ҳам хубтар бар асоси Кодекси андоз ва ҳуҷҷатҳои қонунмандие, ки доир ба самтҳои асосии сиёсати андоз ва буҷет қабул шудаанд, ставкаҳои андозро хеле кам карданд.
Аз ҷумла, ба мақсади таъмини зиёдшавии даромади амалии аҳолӣ, шаффофияти ҷойи кор ва ҷараёни пардохти музди меҳнат, ба ҷойи ставкаҳои 4 зинаи дар амалбудаи андози даромад барои шахсони ҷисмонӣ ставкаи 12-фоизаи ягона муайян гардид. Бадали суғуртаи 8-фоиза ба Хазинаи нафақа бекор карда шуд. Ставкаи пардохти ягонаи иҷтимоӣ аз 25 ва 15 фоиз то ба 12 фоиз поин фаромад. Дар натиҷа, бори андоз ба хазинаи музди меҳнат ба ҳисоби миёна 1,8 маротиба кам шуда, имконияти зиёд намудани маоши ходимон ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба миён омад.
Инчунин, агар дар соҳаи тадбиркорӣ то 1-уми апрели соли 2019 шумораи ходимон ва хазинаи музди меҳнат ба тарзи ихтиёрӣ расмӣ гардонида шавад, барои пинҳон кардани шумораи ходимон дар ҳисоботи пешина аз андози иловагӣ озод карда мешаванд.
Баробари ҳамин, аз ҳисоби маблағе, ки дар натиҷаи кам кардани пардохти ягонаи иҷтимоӣ ҳосил мешаванд, имконияти баланд бардоштани моҳонаи ходимон пайдо мешавад.

— Дар давоми ҷараёни барӯйхатгирӣ ва сӯҳбатҳои профилактикие, ки аз 23-юми январи соли 2019 то 19-уми феврали соли равон дар 2934 корхона бо 14127 нафар кормандоне, ки ба таври қонунӣ расмӣ нагардонида, музди меҳнат медоданд, шартномаи меҳнатӣ расмӣ гардонида шуд, — гуфт ҷонишини якуми сардори Садорати андози давлатии вилоят Носир Мавлонов. – Аз инҳо 1449 нафар дар корхонаҳои тиҷоратӣ ва хӯроки умумӣ, 4734 нафар дар истеҳсолот, 6808 нафар дар хоҷагии қишлоқ, 1136 нафар дар сохтмон кор мекунанд.
Амалӣ намудани чунин тадбирҳо сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардошта, заминаи ҳаёти минбаъдаи онҳоро таъмин мекунад.


Шӯъбаи робита бо ҷамоатчигӣ ва ахбори ҳуқуқии
Садорати андози давлатии вилояти Самарқанд.