Ҳосили фаровон

Ҳосили фаровон

ба шудгор вобаста мебошад

Барои гирифтани ҳосили бисёру дилхоҳ аз майдонҳои кишт заминро хуб шудгор намудан лозим. Баъди андак хоҷагиҳои фермерӣ вазъи обу ҳаворо ба ҳисоб гирифта, шудгори қитъаҳои заминро оғоз мекунанд. Ба кадом ҷиҳатҳои шудгор бояд эътибор дод ва онро чӣ тавр гузарондан лозим?
Мухбирамон бо сардори шӯъбаи вилоятии Маркази истеҳсоли илмиву амалии кишоварзии Ӯзбекистон Хидиралӣ БОТИРОВ оиди ин мавзӯъ сӯҳбат орост.
– Вақти шудгори замин ба чӣ бештар эътибор додан лозим аст?
– Шудгорро баъд аз тайёр намудани воситаҳои техникӣ бояд оғоз намуд. Ба ҷойгиршавии майдон, ба таркиби хок эътибор додан лозим аст. Эътибори асосиро ба чуқурии шудгор нигаронидан муфид мебошад.
– Барои шудгори босифат чӣ бояд кард?
– Пеш аз ҳама майдонҳои корамро аз алафҳои бегона (аҷириқ, ғумой, решапояҳо) тоза кардан лозим. Онҳоро бо усули механикӣ ё кимёвӣ нобуд кардан мумкин. Майдонҳоро бо плугҳои дорои дуяруса шудгор кардан бартарӣ дорад.
– Барои нобуд сохтани алафҳои бегона аз кадом доруҳои кимиёвӣ истифода бурдан мувофиқи мақсад аст?
– Аз гербидсидҳои «Далапон» (ба ҳисоби ҳар як гектар 40–50 килограмм), «Раундап» (зидди алафи печак) истифода бурданро тавсия мекунам.
– Чуқурии шудгор чанд сантиметр­ро ташкил намояд?
– Шудгорро баъди ба тоб омадани замин гузаронидан мувофиқи мақсад мебошад. Вақти лой будани қитъа онро шудгор накардан даркор. Дар майдонҳои корам то 40–45 сантиметр чуқур шудгор кардани замин самараи хуб медиҳад.
– Агар майдонҳои корам бевақт нарм карда шаванд, ба ҳосилдорӣ таъсир мерасонад?
– Албатта. Масалан пахтаро гирем: ҳосидории он ба 3,3–5,0 сентнер, вақти шудгор нам бисёр бошад ё замин ях карда бошад, ҳосилдорӣ то ба 2,5–4,5 сентнер кам мегардад. Инчунин, замин чуқур шудгор нашавад, ҳосили дилхоҳ ба даст намеояд. Агар нармкунӣ дар вақташ мувофиқи меъёр гузаронда шавад, ҳосилро то ба 90 фоиз ҷамъ овардан мумкин аст.


Мусоҳиб Ҷамшеди АСРОР.