Ислоҳоти  таълим – омили пешрафт

Ислоҳоти таълим – омили пешрафт

Пешрафти тамоми соҳаҳо ба мутахассисони пуртаҷриба вобастагии амиқ дорад, барои соҳиб шудан ба чунин мутахассисон бошад, маҳз баланд бардоштани дараҷаи сифати таълим зарур аст.
Хурсандиовар аст, ки дар мамлакати мо низ бо ташаббуси Президентамон корҳои зиёд амалӣ мегарданд. Солҳои охир дар сохтори таълими олӣ як қатор қарору фармонҳо ва низомҳои коркардашуда қабул гардиданд, ки барои беҳтар намудани сифати таълим хизмат мекунанд.
Дар Муроҷиатномаи Президентамон, ки тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, бахту саодати халқамон, лоиҳаҳои истиқболнок ва мақсадҳои бузург фаро гирифтааст, эътибор ба соҳаҳои таълиму тарбия, илму фан, васеъгардонии имкониятҳои таълимгирии ҷавонон, ба стандартҳои байналхалқӣ наздик намудани барномаҳои таълимӣ ва услубҳои хониш аз вазифаҳои асосӣ ҳисобида шудааст. Дар ин бобат Қарори Президент “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оиди афзудани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ва таъмин намудани иштироки фаъоли он дар ислоҳоти серҷабҳаи амалишавандаи мамлакат” низ барои мунтазам беҳтар намудани сифати таълим хизмат мекунад.
Имрӯз таъмини ислоҳоти соҳаи таълим ва чораву тадбирҳои дар ин асос қабулгардида, такмил додани нақшаҳои хониш, ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мувофиқ гардонидани барномаи фанҳо, усулҳои инноватсионии таълимро дар асоси таҷрибаи муассисаҳои таълими олии пешқадами хориҷӣ омӯхта, онро дар амал татбиқ намудан аз масъалаҳои пурдолузарб мебошад.
Чунин дигаргуниҳои муфид дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ таҳти сарварии ректор, профессор Рустам Холмуродов амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, оиди таълими томактабӣ ва технологияҳои ахбори замонавӣ бо донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ, дар равияи робототехника бо Хитой, доир ба психология ва растанишиносӣ бо Франсия, дар соҳаи математикаи саноат, технологияҳои замонавӣ бо Исроил, оиди расонидани растаниҳои шифобахш ва ташкили лабораторияҳои замонавӣ бо Ҳиндустон ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд.
Дар назди бинои нӯҳқабатаи донишгоҳ бо мақсади ҳамкориҳо бо Ҷумҳурияти халқии Хитой ҳайкали Конфутсий гузошта, дар асоси архитектураи Хитой хиёбони зебо ташкил карда шуд. Дар бино бо ҳамкории Хитой, Ҳиндустон, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Россия, мамлакатҳои Европа ва ғайра фаъолияти Маркази барномаҳои байналхалқии таълим ба роҳ монда мешавад. Президентамон ҳангоми ташриф ба вилоят аз майдони Конфутсий ва маркази мазкур дидан намуда, оиди боз ҳам такмил додани сохтори он, ба вуҷуд овардани тамоми шароит барои ходимон ва донишҷӯён тавсияҳо доданд. Модоме ки роҳбари давлатамон барои донишомӯзии ҷавонон, ихтисосҳои заруриро пурра аз худ намудани онҳо тамоми шароитро омода менамоянд, акнун ҳар яки мо боз ҳам бештар ба соҳаи таълиму тарбия ва тараққиёти ояндаи мамлакатамон саҳми муносиб гузорем.

Ф.ШУКУРОВ.