Тоифаи 4376 нафар омӯзгор бекор карда шуд

Тоифаи 4376 нафар омӯзгор бекор карда шуд

Мувофиқи натиҷаҳои аттестатсияе, ки соли 2018 гузаронида шуд, ба 364 нафар омӯзгорони вилоятамон тоифаи олӣ, ба 1286 нафар тоифаи якум, ба 3603 нафар тоифаи дуюм ва ба 3030 нафарашон тоифаи мутахассис дода шуд.
Инчунин, тоифаи 294 нафар омӯзгори тоифаи олӣ, 1159 нафар тоифаи якум, 2436 нафар тоифаи дуюм ва 487 нафар омӯзгорони мутахассис, ки дар аттестатсия натиҷаи хубро ба даст наоварданд, як зина паст карда шуд.
Моҳҳои март-июни соли ҷорӣ 6860 нафар омӯзгор барои гирифтан ва нигоҳ доштани тоифа аз аттестатсия гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, 119 нафар омӯзгор барои нигоҳ доштани тоифаи олӣ ҳаракат карда, барои лавозими муаллими калон 360 нафар, ба тоифаи аввал 2154 нафар ва барои гирифтани тоифаи дуюм 4227 нафар омӯзгорон ҳуҷҷат супориданд.