Стресс ва ғам – омили бемориҳои рӯҳӣ

Стресс ва ғам – омили бемориҳои рӯҳӣ

Дар ҳар шаҳру деҳа бо бача, ҷавон ё марду зане вомехӯрем, ки мубталои касалии рӯҳиянд. Ба онҳо ҳам дилатон месӯзаду ҳам раҳматон меояд. Бемориҳои рӯҳӣ чист? Чаро баъзеҳо ба ин гуна касалиҳо дучор мешаванд? Мо барои ҷавобёбӣ ба ин гуна саволҳо бо психиатри тоифаи олӣ, сарпсихиатри ноҳияи Самарқанд Марям Хушвақтовна Дониёрова сӯҳбат оростем.

– Мӯҳтарам, Марям Хушвақтовна, бигӯед, ки сабабҳои бавуҷудоии бемориҳои рӯҳӣ дар чист?
– Сабабҳои ин бисёранд. Ба ташхиси беморӣ нигоҳ карда, сабабҳояшро гуфтан мумкин аст. Масалан, бемории эндогениро гирем: кайфият, шароити оилавӣ ва дигар муаммоҳои ғамовар дар дил ҷамъ шуда, ҳамчун қатраҳо мисли баҳр мегардаду дарду алами дохилӣ якбора ба берун зада мебарояд. Дар натиҷа, бо ин роҳ ба касалии шизофренӣ гирифтор мешаванд. Касалҳое, ки бо ҷароҳати майнаи сар вобастаанд – эпилепсия – асосан дар натиҷаи ҷароҳатҳо, ба изтироби сахт омадан, дидани садамаи даҳшатноки автомобилӣ ё сӯхтори бадвоҳима, мушту лагад хӯрдан, ба ҷарӣ афтодан ё зарб хӯрдани сармия ва ғайра ба вуҷуд меояд. Олигофрения – дар натиҷаи моҷароҳои оилавӣ, бо ҳам созиш накардан, таваллуд бо ёрии асбобҳо, хӯрдани ҳар хел доруҳо ҳангоми ҳомиладорӣ ва ба ҳамин монанд пайдо мешавад. Дар натиҷа, бачаҳои ақлан заиф таваллуд мешаванд.
– Ҳоло дар миқёси ноҳия ин гуна беморон чанд нафарро ташкил медиҳанд?
– Дар мо ҳоло 2528 нафар беморони рӯҳӣ ба қайд гирифта шудаанд. То соли гузашта миқдори онҳо аз 3000 нафар зиёд буданд. Бачаҳое, ки ба синну соли ҳарбӣ мерасанд, ҳангоми ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ, ё стресс касалшудагон дар давоми 3 ё 5 сол дар статсионарҳо табобат гиранд, мо аз ҳисоб мебарорем. Дар натиҷаи ҳаминҳо соли гузашта 400 нафар беморҳо аз ҳисоб бароварда шуданд. Инчунин, 100 нафар бачаҳоро аз ҳисоб хориҷ намудем. Зеро бачаҳое, ки аз ҳисоб бароварда мешаванд, ба самтҳои дигари табобат фаро гирифта мешаванд.
– Ин гуна беморон табобат меёбанд?
– Муваққатан табобат карда мешаванд. Вале агар боз ба чунин вазъияти бад афтанд, бемор мегарданд, баъзеашон пурра сиҳат шуданашон ҳам мумкин аст.
– Ин гуна беморон ба аҳли ҷомеа зарар расонда метавонанд? Беморони хавфнок чанд фоизро ташкил мекунанд?
– Фоизашро намедонаму пештар ин хел беморон тахминан 70 нафарро ташкил мекарданд. Аз ин миқдор дар чор соли охир камақлҳое, ки идрок надоранд, 18 нафар мондаанд. Мо ҳуҷҷатҳои онҳоро дар папкаи алоҳидаи сурх ҷудо карда мондаем. Ин беморон ҳам ба худашон, ҳам ба оила ва ҳам ба ҷамъият зарар расонданашон мумкин аст. Онҳо бемороне мебошанд, ки чӣ кор карда истодани худро намедонанд.
– Барои хубтар нишон додани натиҷаҳои кор шумо мабодо миқдори беморони рӯҳиро кам карда нишон намедиҳед? Менталитети мо намегузорад, ки фарзанд ё хешу таборашро ба назди духтури психиатр барад ва ё дар беморхонаҳои махсус хобонад?
– Мо ин хел намекунем. Чунки дар ин бора посбонҳои маҳалла, нозирони профилактикӣ ва дигар шахсон хабар медиҳанд.
– Баъди пиршавӣ низ ақли баъзеҳо заиф мегардад? Сабабҳои ин ҳолатро шумо чӣ хел шарҳ медиҳед?
– Ин ҳолати деменсия аст. Дар натиҷаи тағйирот дар рагҳои хунгузар, аз меъёр берун баромадани фаъолияти кори дил, одамони бисёр азобдида баъди синни 50-60-солагӣ хотираашон паст мешавад, чӣ кор карданашонро намедонанд. Бо ин гуна беморон табобати амбулаторӣ гузарондан лозим ва онҳо бояд мунтазам дору хӯрда истанд.
– Дар охир бигӯед, ки ҳоло дар миқёси ноҳия шумораи беморони рӯҳӣ кам шуда истодаанд ё зиёд?
– Аз рӯйи ҳолати иҷтимоӣ зиёд шуда истодаанд. Зеро норасоиҳои моддӣ бис­ёранд. Аз ҷиҳати моддӣ норасоӣ бошад, дар оила осоиштагӣ намешавад. Баъд никоҳи хешутаборӣ дар миқёси ноҳия аз ҳад зиёд мебошад. Масалан, дар маҳаллаи Оҳалик як ҳамсоя ба ҳамсояи дигар, ё апа ба укааш, додарҳо ба якдигар духтар дода, ё келин оварда, шумораи ин хел беморонро зиёд мекунанд. Ин хел ҳолатҳо дар маҳаллаҳои Даштисӯхта, Рустам ҳам ба назар мерасанд. Дар натиҷаи чунин рафтор дар баъзе оилаҳо ду-се бемори рӯҳӣ ҳам пайдо шудаанд. Ҳолатҳои хонадорсозии ин хел ҷавонон ҳам оқибатҳои бад доранд. Ягона роҳи пешгирӣ ё кам кардани шумораи ин гуна беморон ташвиқу тарғиб аст. Мо бояд корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кунем. Дар ин кор аҳли маҳалла, нозирони профилактикӣ ва дигарон ҳам ёрӣ расонанд.


Мусоҳиб Бахтиёри ҶУМЪА.