Ҷавоҳири шоҳмот

Ҷавоҳири шоҳмот

Гроссмейстери аз ҳама ҷавони Осиёи Марказӣ Ҷавоҳир Синдоров чанде пеш ба Самарқанд омада мусобиқа гузаронд. Имсол ӯ якбора бо сӣ нафар шатранҷбозони наврас қувваозмоӣ намуда, пирӯз гашт. Дар доираи ин вохӯрӣ бо ин шоҳмотбози ҷавон, ки дар саросари дунё шинохта шудааст, сӯҳбат кунем.
– Баъди гроссмейстер шудан «ҳу­ҷум», яъне саволборони рӯзноманигорон бисёр шуд?
– Ҳа. Аммо баъди мусобиқа якбора чанд нафар ба иҳота гирифтанд, ки пурсиши онҳо касро монда мекунад. Шумо худ медонед, ки «муҳориба»-ҳои шадиди рӯйи миз асабро коҳиш медиҳад.
– Ба муқобили гроссмейстер дона рондан ва барои пирӯз шудан ҳунари воло лозим.
– Шояд ҳамин тавр бошад. Ман дар Туркия бо чанд нафар гроссмейстер «муносибат»-ҳоро муайян сохтам ва аз хатои онҳо истифода бурдам, ки аксарият таслим шудани худро тан гирифтанд.
– Аввалин устоди шумо кист?
– Комилбобом. Тарбияи он кас аст, ки ба ҳамин дараҷа расидам.
– Ҳоло ҳам бо бобоятон шоҳмот мебозед?
– Охирин маротиба дар панҷсолагӣ ба бобоям бозиро бохта будам.
– Фаҳмо. Ҳар як шоҳмотбоз касеро мепарастад, ба ӯ тақлид мекунад, мисли вай шудан мехоҳад…
– Чемпионҳои ҷаҳон Александр Алёхин, Михаил Тал, Боббӣ Фишер ва дигарон мактаби махсус, яъне донишгоҳ – университети худро доранд, ки ҳар як бозии онҳо дарси маҳорат, ибрат, тақлид ва лоиқи омӯхтан аст.
– Шумо ғайр аз шоҳмот боз ба кадом намуди варзиш дилбастагӣ доред?
– Футбол, теннис, оббозӣ.
– Воқеан, хонданҳо чӣ хел?
– Бад не. Математика ҷону дилам. Инчунин, китобҳои бадеиро низ мутолиа мекунам.
– Чӣ гуна нақшаҳо доред?
– Мисли ҳамватани худ Рустам Қосимҷонов чемпиони ҷаҳон шудан аст. Президентамон ба ман чанд мукофот доданд, ки ба он ҷавобан парчами Ӯзбекистонро боз ҳам баланд бардорам.
Сӯҳбат бо Ҷавоҳир хеле шавқовар буд. Бобояш Комил Синдоров таъкид намуд, ки «мағзи бодом»-и ӯ ниҳоят меҳнатдӯст аст. Баъзе рӯзҳо 5-6 соат мустақил сирру асрори мӯҳрарониро меомӯзад, бозиҳои чемпионҳои ҷаҳонро таҳлил менамояд. Ва ман хурсанд, ки на танҳо дар кишвар, ҳатто дар ҷаҳон ҳамчун «ҷавоҳир»-и шоҳмот эътироф гардидааст.


Сӯҳбаторо
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.