Оҳ, модарҷонам, модарам!

Оҳ, модарҷонам, модарам!

(Ба хотираи модари мушфиқам Сараойбубӣ)

8-уми март. Иди модарони тамоми ҷаҳон. Ҳама хандону ман гирён. Дар даст гулдастаи тару тоза дораму ба паҳлӯи қабри сабзапӯши модарам нишаста, дар ҳаққашон аз оятҳои Қуръони карим қироат мекунам. Худро дошта наметавонам. Ашк дар чашмон, ба замин менигарам.
Оҳ, модарҷонам, модари ғамхоракам! Чаро барвақт маро танҳо монда, ба хонаи охирати худ омадед, чаро? Охир шумо ба ҷойи падарам падар будед. Ман дар кӯдакӣ аз падар ҷудо шуда будам, ҳатто шаклу қиёфаи падарамро намедонистам. Шумо мани хурдсолро хӯронидед, пӯшонидед, хонондед, соҳиби оилаю касбу кор кардед, баъде, ки ба рӯзҳои нек, арзонию ободӣ расидем, дар синни 90-солагӣ тарки дунё кардед.
Оҳ, модарҷонам, модарҷони маслиҳатгару насиҳатгӯям!
Медонед-чӣ? Дар вақти ҳаёт буданатон ба ман чӣ гуна насиҳатҳо мекардед, азобу машаққатҳоеро, ки аз саратон гузаронидед, нақл карда медодед. Ҳоло дар ёд дорам. Шумо шабона ба болои сандалӣ чароғи сиёҳ монда, зери равшании он ҷомаҳои кӯҳнаи даридаи маро дарбеҳ мекардед. Ман ба як қад кӯрпача хоб мекардам. Шумо бошед, то хобам бурдан ҳикояву афсонаҳои сеҳрангез мегуфтед.
Оҳ, модарҷони меҳрубонам!
Шумо хизматкори халқ будед, рӯзона маро бардошта ба саҳро мерафтед, ҳаво тафсон буд, ба ҷӯякҳои пур аз об пойи луч даромада, ниҳоли тамоку мешинондед, пешин – дар вақти хӯрокхӯрӣ, бригадири хоҷагӣ якто нони зағора медод. Шумо онро ба се қисм тақсим карда, як бурида ба ман медодед, як бурида худатон мехӯред, як қисми калонтарашро барои хӯроки шом ба хона меовардед. Дар саҳро чой набуд. Хам шуда, аз оби ҷӯйи лойолуд менӯшидед, ба ман бошад, ба кафатон об гирифта медодед ва ҳар замон мегуфтед: бачем, сабр кун, ин рӯзҳо монанди ақрабаки соат тез гузашта меравад, надидагӣ барин мешавӣ. Ин рӯзҳо ба афсона табдил меёбад.
Оҳ модарҷонам, модарҷони дилсӯзам!
Ман дар синфи якум мехондам. Дар танам як куртаву шалвари бо даст дӯхтаи шумо буд. Пул надоштам, ки китоб харам. Шумо ба назди муаллим рафта, шароити зиндагиамонро фаҳмондед. Баъд аз китоби муаллим дарсҳои якҳафтаинаро рӯбардор мекардаму аз ёд гуфта медодам. Як рӯз дар мактаб иди шеъру сурудхонӣ шуд. Баъди он ба ман ҳамчун ғолиб як метр суфи сиёҳ тӯҳфа карданд. Ман онро шодон оварда, ба дасти шумо додам. Шумо ба ман шалвори кисадор дӯхта додед. Он либоси идонаи ман гардид.
Оҳ, модарҷонам, модарҷони дилбанду дилҷӯям! Шумо чӣ гуна модари покизаву пок­виҷдон, дилёбу суханширин, меҳрубону мушфиқ будед. Ман кабир шудам. Ҳар пагоҳ пеш аз корравӣ шумо бо ду дасти кушод рӯ ба қибла оварда: «Сиҳат рафта, саломат биё, корҳоят бобарор шавад, Худо мададгор бошад» гӯён бо дуо гусел мекардед. Бегоҳӣ аз кор баргардам, хурсанд мешудед, «бачам омадӣ, илоҳо чашми бад нарасад» мегуфтед. Мабодо дер монам, ба кӯча баромада, интизорам мешудед.
Оҳ, модарҷонам, модарҷони ба ҷону дил баробарам! Ҳоло ҷойи шумо холист. Чӣ илоҷ? Тақдир ҳамин хел будааст: рафтанду равему боз оянду раванд…

Мурод ҚУРБОНЗОДА,
раиси хазинаи «Нуронӣ»-и маҳаллаи Камонгарони
ноҳияи Ургут.