Насиҳат гӯш кун, ҷоно…

Насиҳат гӯш кун, ҷоно…

Мезони адолат – ростӣ

Ростҷӯ, ростнигар, рост гузин,
Рост ҷӯй, рост шунав, рост нишин.
Ин байт аз Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аст. Он мазмуни зиёдеро дар бар мегирад.

Ростҷӯ

Бо одамони ростҷӯй дӯст шуда, якҷоя бигардӣ, ба хатоӣ роҳ намедиҳӣ. Онон ҳалолкор, хеле хоксор мебошанд. Аз қалби онҳо бӯйи тозаи садбарг ба машом мезанад. Ҳар доим бо онҳо ҳамнафас бошӣ, шарманда намешавӣ.

Рост нигар

Аз муҳити худ, шахсони атрофат бохабар шав. Фарқи ҳалолу ҳаромро омӯз. Ёфтаи бо меҳнати ҳалол умри дароз дорад. Дар раҳи ҳалолкорӣ, покизагӣ ҳамдам бош. Дар ҳалли муаммои мушкил баҳс макун. Ба фикри шахси мутахассис гӯш кун. Муросои зиндагиро омӯз. Ҳаёти ширинро пурмазмун гузарон.

Рост гузин

Ҳаёт аз пасту баландӣ, нағзу бад иборат аст. Ана ҳамин пасту баландӣ, фарқи нағзу бадро чуқур омӯз. Аз муаммои мушкилфаҳми душвор ба осонӣ гузар. Аз тӯдаи зараррасонандаи халқ, ҷамъият ва гурӯҳҳои балвогар бохабар шав.

Рост ҷӯй

Ҳеҷ гоҳ дурӯғ гап назан. Ба ягон кас ваъда кардӣ, албатта ба ваъдаат вафо бикун. Шахси бевафо, бе лафз ваъдабоз аст. Дар китоби муқаддаси Қуръон шахси ваъдабозро лаънат хондаанд.

Рост шунав

Ҳар сухан ҷой дорад, ҳар нукта мақом. Ба маънои аслии сухан, таркиби луғавии забон эътибор деҳ. Аз сухани шубҳаовару гумонбар даст каш. Аз тӯдаи тӯҳматчиёну бӯҳтонзанҳо дур шав. Забони худро чуқур омӯзӣ ва ширинзабон бошӣ, халқ туро дӯст медорад. Шахси ботамкини суханоро соҳиби ганҷина аст.

Рост нишин

Таги сабр роҳат, дунё гузарон, вақт ҳакам. Вақти қимати худро бо беҳудакорӣ магурзон. Дар ҷавонӣ илму ҳунар омӯз. Аз фисқу фасоди ноодамӣ худро дур нигаҳ дор. Дар корҳои шахсию ҷамъиятӣ адолатхоҳ бош. Инсони адолатпарвар инсони баиззату боикром аст. Ту дар куҷое, ки бошӣ, аз ту бӯйи гули дилнавозе паҳн шавад.

Саидмурод ИЛЁСОВ,
омӯзгори собиқ.