Бонувони мақомоти корҳои дохилӣ

Бонувони мақомоти корҳои дохилӣ

қувва озмуданд

Дар шаҳри Самарқанд зан-духтароне, ки дар соҳаи мақомоти корҳои дохилии вилоят фаъолият доранд, дар бадминтон, тенниси рӯимизӣ, шоҳмоту шашка ва канабкашӣ ба ҷамоаҳои «Ёшлар» ва «Қалдирғоч» ҷудо шуда, байни худ қувваозмоӣ намуданд. Ҷамоаи «Ёшлар» («Ҷавонон») дар намудҳои бадминтон ва тенниси рӯимизӣ ғолибиро ба даст оварда бошад, ҷамоаи «Қалдирғоч» дар намудҳои шоҳмоту шашка ва канабкашӣ ғалаба намуд.

— Дар вақтҳои холӣ бо атлетикаи сабук машғул мешавам, — гуфт иштирокдори мусобиқа А.Ибодова. – сабақҳои гирифтаам имрӯз ба кор омад. Мусобиқаи варзишӣ мо – бонувони дар соҳаи корҳои дохилӣ фаъолиятдоштаро боз ҳам муттаҳид намуд.
Дар поёни мусобиқа ба иштирокдорон диплому тӯҳфаҳои хотиравии Садорати корҳои дохилии вилоят супурда шуданд.