Табрики идонаи ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ба зан ва духтарони вилоят

Табрики идонаи ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ба зан ва духтарони вилоят

Модарони азиз ва мӯътабар, апа ва хоҳарони боқадр!
Ҳамаи шуморо бо иди аз ҳама зебо ва дӯстдоштаи баҳорӣ — 8-уми март, Рӯзи байналхалқии зан ва духтарон аз самими қалб табрик мекунам.
Аввало, дар оғози иди нафосат ва бедоршавӣ, дар ҷашни аввалини он дар шаънатон таҳсин гуфтанро вазифаи шаҳравандии худ ва шарафи бузург медонам. Зеро сиёсате, ки Президентамон Шавкат Мирзиёев дар 2-3 соли охир барои бузургдошти номи зан, таъмини ҳифзи иҷтимоии он пеш мебарад, чунин амалро ҳам ба роҳбар ва ҳам ба шахси оддӣ тақозо мекунад.
Дар асл, моҳияти ин ҷараёни сиёсӣ ба решаҳои амиқи таърихи пуршараф, мероси маънавии ғании алломаҳои бузургамон рафта мерасад. Ғояи асосии мероси бадеии онҳо низ ба тараннуми латофату зебоӣ, ақлу заковати зан, қувваи бузурги ӯ дар бунёди авлоди солим ва тарбияи фарзанд бахшида шудааст. Дар Қуръони Карим ва дигар китобҳои бузург қадр намудани зоти зан ба сифати вазифаи илоҳӣ таъкид гардидааст. Бинобар ин, дар ҷомеаамон зан дар шуур ва тасаввури инсонҳо ба сифати бунёдгузори авлод, тарбиячии моҳир ва тимсоли сарфаю сариштагар шакл гирифтааст.
Дар таърихи Самарқанд ҳам ҷойи бошарафи зан ва духтарон мавҷуд аст. Инро аз иштироки оқилонаи Бибихонум – ҳамсари бобои бузургамон Амир Темур дар салтанати соҳибқирон ва ибрати ӯ дар тарбияи фарзанд хуб медонем.
Зиёда аз ин, дар эҷодиёти шифоҳии халқ образҳое чун Тӯмарис, Барчиной, Гулпарӣ ва Ойгул ҳам ба мо занон дар қадим то чӣ андоза боҷасорат, босадоқат ва оқила буданашонро ёдовар мешаванд.
Дар ҳар як давр дар Самарқанд авлоди занҳое буданд, ки муаммоҳои ҷамъиятро ба китфони нозуки худ гирифта, ҳал кардаанд. Шарт нест, ки номи занҳои бо ташаббускорӣ, заковат ва меҳнати фидокоронаву намунавӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият обрӯ гирифтаро, як ба як биёрем. Онҳоро бе ин ҳам, аксариятамон нағз мешиносем ва ҳурмат мекунем. Корҳои неке, ки солҳои охир дар мамлакатамон доир ба баланд бардоштани қадри зан ва духтарон, зиёд намудани роли онҳо дар бунёдкориҳои ҷомеа амалӣ мегарданд, давоми анъанаҳои мазкур аст.
Хусусан, дар соли 2018 эълон шудани Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон “Дар бораи чораву тадбирҳои пурра такмил додани фаъолият дар соҳаи дастгирии занону духтарон ва мустаҳкамсозии институти оила” дар масъалаи афзудани нақши занону духтарон дар ҳаёти ҷамъият ҳуҷҷати дорои аҳамияти муҳим гардид. Бо ин Фармон масъалаҳои такмилдиҳии фаъолияти кумитаҳои занону духтарон, афзудани мавқеи занону духтарон дар ҷамъият, расондани кӯмаки сохторӣ ба занони мӯҳтоҷи ҳифзи иҷтимоӣ ба тартиб оварда шуд. Дар ҳар ҷамъомади шаҳрвандон лавозими мутахассис оид ба кор бо занону духтарон ва мустаҳкамсозии арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар оилаҳо ҷорӣ карда шуд.
Масъалаи бо хонаву ҷой таъмин намудани занону духтарони мӯҳтоҷи ҳимояи иҷтимоӣ, хусусан, заноне, ки ногироӣ доранд, камбизоат, бепарастор, серфарзанд мебошанд, дар давоми солҳои зиёд бори нахустин ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бароварда шуд. Дар натиҷаи ин, соли гузашта 258 нафар занону духтароне, ки ногироӣ ва аҳволи вазнини иҷтимоӣ доранд, бо хонаву ҷой таъмин гардиданд. Бо кор банд намудани 1140 нафар занону духтарони шароити зисташон вазнин таъмин карда шуд. Ба занони тадбиркор аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ 222 миллиарду 157 миллион сӯмина маблағҳои кредит ҷудо карда шуд. Аз 1800 зиёд оилаҳое, ки ба ҷудошавӣ наздик буданд, 1168-тоашон оштӣ кунонда шуданд.

Аз соли сипаришуда сар карда, дар равияи арзишҳо ва анъанаҳои оилавӣ, бо мақсади бурдани тадқиқоти фундаменталӣ, амалӣ ва инноватсионӣ дар шафати Девони Вазирон Маркази илмӣ-амалии тадқиқотии “Оила” ва шӯъбаҳои ҳудудии он ташкил гардид. Аз ҷониби ҳокимияти вилоят барои садорати вилоятии марказ бинои замонавии дорои тамоми шароитҳо ҷудо карда шуд. Дар шӯъбаҳои шаҳрӣ, ноҳиявии он ҳам, барои кори ходимон ба дараҷаи кофӣ шароитҳо ба вуҷуд оварда шуд.
Барои занону духтароне, ки дар ҳаёти ҷамъият ва давлат фаъолӣ ва ташаббус нишон додаанд, бо меҳнати самараноки худ дар ташаккули оила ва мустаҳкамсозии фаровонии он, муҳофизати модарӣ ва фарзандӣ саҳми муносиб гузоштаанд, нишони сарисинагии “Мӯътабар аёл” таъсис ёфт ва имсол бори нахуст аз вилоятамон 18 нафар занон ба ин мукофот сазовор гардиданд.
Тамоми ин саъю талошҳо дар роҳи афзунсозии мавқеи бонувон дар оила ва ҷомеа, беҳсозии тарзи зисти модарони мӯътабар, апаву хоҳаронамон, дар оилаҳо тарбия намудани фарзандони солиму комил як ҳаракат аст. Суханони Президенти мӯҳтарамамон “Эъзози занон, эҳтиром намудани онҳо арзиши беҳтарини халқи мо ба ҳисоб меравад. Ҳамаи мо, дар чӣ гуна касб, дар кадом вазифа кор накунем, барои тамоми фазилатҳои накӯи қалби худ, дили худ аз шумо – бонувони меҳрубон як умр қарздорем”, ҳоло ба шиори асосии сиёсати давлат табдил ёфтааст, ки инро ҳамаи мо дида, мушоҳида карда истодаем.
Агар ба моҳияти эътибору ғамхориҳое, ки нисбати занону духтарон нигаронида шудаанд, дақиқтар назар афканем, дарк мекунем, ки он эътибор барои ривоҷи тамоми ҷамъият мутаалиқ аст. Фараз кардем, агар зан солим набошад, фарзандони вай низ нуқсдор мешаванд, зан дар оилаи худ роҳат наёбад, дили авлоди ояндаи мо маҷрӯҳ мегардад, ғайр аз ин, барои зисти онҳо шароити хуб муҳайё набошад, дар ин оила осоиштагиву хотирҷамъӣ нашуданашро ҳамаи мо хуб медонем. Зан – гарави хотирҷамъии оила мебошад ва барои чун чароғ оилаҳоямонро мунаввар кардани онҳо, мо, аз роҳбарон сар карда, ҳар як сарвари оила баҳри амалӣ намудани тамоми саъю ҳаракатҳое, ки аз дастамон меояд, омода ҳастем.
Бонувони ғамхор, апаву хоҳарони меҳрубон!
Шумо олиҳаҳои зебоиро, ки оилаҳоямонро, ҷамъиятамонро бо файзу баракаи худ нурафшон мегардонед, боз як бор бо 8-уми март – Рӯзи байналхалқии зану духтарон табрик намуда, ниятҳои некӯтарини диламро ба шумо таманно мекунам.
Айёми зебогиву нафосат ҳуҷаста бод!
Оилаҳоятонро тинҷӣ, бахт, файзу барака ҳеҷ гоҳ тарк накунад!
Байни мардум доим дар эъзоз ва боқадр шуда гардед!