Дилбастаи санъат – Зулфия

Дилбастаи санъат – Зулфия

Овози дилкашу дилфиреби санъаткор ҳар як инсонро ба олами хаёлот мебарад ва дар дили ӯ эҳсосоти наҷибро бедор месозад. Зулфия Рашидова низ аз овони кӯдакӣ дилбастаи санъат буд ва сурудҳои сарояндагонро бо шеваи кӯдакӣ месуруд.
Ҳамин меҳр нисбати санъат ӯро ба коллеҷи санъати шаҳри Самарқанд овард. Имрӯз чун сарояндаи хушхон ва хушовоз дар хизмати мардум аст.
– Зулфия Рашидова, имрӯзҳо бо толибилмони Институти санъат ва маданияти Ӯзбекистон аз кадом равия ва жанри санъат дарс мегӯед?
– Пас аз хатми шӯъбаи магистратураи Институти санъат ва маданияти Ӯзбекистон чор сол боз дар факултаи «Эҷодиёти халқ» ба донишҷӯён оиди суруд ва мусиқа, роҳ, равия ва услубҳои он дарс медиҳем.
– Боз бо чӣ гуна корҳо машғул ҳастед?
– Инчунин, дар ансамбли «Ветеран»-и назди Иттиҳодияи ҷанговарони собиқадор ва ногироёни Ӯзбекистон, ки бо роҳбарии Талъат Пардаев ва Юсуф Абдуллоев ташкил шудааст, ҳамчун сурудхон фаъолият дорам. Барои хизматҳоям соҳа соҳиби медали «VETERAN»-и иттиҳодия гардидам. Ин барои ман фахр мебошад.
– Оё дар фестивал ва анҷуманҳои байналхалқӣ ҳам иштирок кардаед?
– Бале, тобистони соли 2008 барои санъат ва маданияти Ӯзбекистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардан дар қароргоҳи ЮНЕСКО баромад карда, сурудҳои «Ушшоқи Самарқанд», «Гулизорим»-ро хондам. Халқи Франсия моро бо кафкӯбию хушнудӣ пазироӣ карданд. Соли 2017 ба шаҳрҳои Красноярски Россия ва шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ рафтем ва баромад кардем.
– Шумо бештар сурудҳои кадом ҳофизонро мешунавед?
– Ҳамаи ҳофизонро гӯш мекунам ва аз байни онҳо бештар хонишҳои Ҳоҷӣ Абдулазиз, Мулло Тӯйчӣ, Барно Исҳоқова, Берта Давидова, Муноҷот Йӯлчиева, Кароматулло Қурбонов, Гугуш, Андӣ, Аҳмад Зоҳир ва дигаронро бо ихлоси баланд мешунавам.
– Дар соҳаи санъат шуморо кӣ роҳнамоӣ кардааст?
– Устози аввалини ман қиблагоҳам, падари бузургворам – Ҳакимака мебошанд. Падарам овози ширадор доштанд ва сурудҳои классикиро бомаҳорат иҷро мекарданд.
Ҳангоме, ки ба синфи якуми мактаби рақами 44 рафтам, муаллими фанни суруд, Аълочии таълими халқӣ Ҷамшед Аҳмедов баробари шунидани овози ман ҳамоно гуфтанд, ки ту овози хуб дорӣ. Номат ҳам зебо аст: Зулфия. Худо хоҳад мисли шоира Зулфия мешавӣ.
Устози меҳрубонам Ҷамшед Аҳмедов маро ба маҳфили «Гули бодом»-и мактаб қабул карда, падарвор таълиму тарбия доданд. Сурудҳои «Ватан», «Модар», «Нонреза»-и М.Турсунзода, Гулчеҳра Сулаймонова, Лоиқ Шералиро аз худ кунониданд. Дар ҷамъомаду маҳфилҳои мактабу маҳалла баромад мекардам. Баъдтар, нотаро омӯхтам.
– Ҳоло ҳамчун устод ба шогирдон чӣ гуфтан мехоҳед?
– Албатта, аввал тани сиҳату хотири ҷамъ таманно дорам. Сониян, хониши пухтаю амали доимии касбӣ. Эҳтиром ба касби худ. Боз меҳнатдӯстиву ватанпарвар шуданро хоҳонам.

Толиб ЮНУСЗОДА.