Самарқанд тағйир меёбад

Самарқанд тағйир меёбад

Сӯҳбат бо ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов

– Эркинҷон Оқбўтаевич, вақтҳои охир “таҳаввулот”, “дигаргуншавӣ”, “ривоҷёбии интенсивӣ” барин истилоҳот бисёр истифода мешаванд. Чун роҳбари дӯстдори навгонӣ ин истилоҳотро чӣ тавр эзоҳ медиҳед?
– Тағйирёбии ҷаҳон навигарӣ нест. Яъне мардуми мо инро “чархи каҷрафтор” мегӯянд. Танҳо ин дигаргуниҳо гоҳо мусбӣ ва баъзан манфӣ мешаванд. Агар дар меҳвари олам бо аҳли башар якҷоя будани худро ба ҳисоб гирем, мо низ дар гирдоби ин дигаргуниҳоем.
Тамоми миллат ва давлатҳои рӯйи олам пурзӯр шудан ва хуб зиндагонӣ карданро орзу мекунанд. Бо вуҷуди тамоилҳои демократии ташаккулёфтаи худро нотакрор гуфта таъкид намудани мо, ҳар як қитъа, ҳар як давлат ва ҳар як миллат роҳи тараққиёти ба худ хосро интихоб мекунад. Ҳоло роҳе, ки Ӯзбекистон интихоб намудааст, аз тарафи ҳамҷамъияти ҷаҳонӣ эътироф мегардад, ки исботи ин фикр аст. Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев соли 2017 дар сессияи ассамблеяи СММ “Мо Ӯзбекистонро ба ҷаҳон бо қиёфаи нав муаррифӣ кардан мехоҳем” гуфта, бешубҳа, халқи соҳиби маънавияти воло ва давлатеро, ки роҳи тараққиёти боваринокро интихоб намудааст, дар назар дошта буданд. Чунки натиҷаи реалии стратегияи тараққиёт, ки ба ривоҷ додани мамлакатамон дар панҷ соли наздик нигаронида шуда, ҳоло амалӣ мегардад, аз тарафи давлатҳои пурзӯр ва ташкилотҳои байналхалқӣ эътироф мешаванд.
Акнун ба шарҳи истилоҳоте, ки таъкид намудед, бозоем. Ба фикрам, тамоми ин истилоҳотро бо калимаи “БОЗСОЗӢ” эзоҳ доданамон мумкин аст. Чунки мо Ватани маҳбуби худро бо такя ба мероси таърихӣ ва маънавӣ, арзишҳои некӯи мардум, омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳон ва технологияҳо ривоҷ медиҳем. Мо нуқтаи назари худро ба Ватанамон, тақдирамон ва ояндаамон нав менамоем.
– Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, матбуот ва телевидения оиди мушоҳида шудани дигаргуниҳои назаррас дар ислоҳотҳое, ки дар вилояти Самарқанд амалӣ мегарданд, сухан меравад. Ин навигариҳоро Шумо дар чиҳо мушоҳида мекунед?
– Якум, дар кайфияти мардум, ки дураш наздик, мушкилаш осон ва вазнинаш сабук шудааст. Вақте ки бо халқ мулоқоти бевосита ташкил карда, фаъолияти мессенҷери телеграм ва телефони бовариноки ҳокимияти вилоятро ба роҳ мондам, аввал танҳо шикояту аризаҳо меомаданд, ҳоло қисми зиёди муроҷиатҳо аз таклиф ва мулоҳизаҳо, роҳнамоиҳо иборат аст.
Дуввум, дар афзудани сафи талаб­гор ва хоҳишмандони тадбиркорӣ намудан, даромад гирифтан, навигарӣ кардан. Танҳо дар соли гузашта фаъолияти 2057 субъект, ки дар асоси монеаҳои бюрократӣ ё ки паст будани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ боз­дошта шуда буданд, аз нав барқарор гардиданд. Соли ҷорӣ адади соҳибкорон ба 2638-то зиёд шуд.
Саввум, дар афзудани шумораи сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ.
Чорум, хоҳиши дар вилоятамон корхона кушодани сармоядорони хориҷӣ пурзӯр гардид.
– Эркинҷон Оқбӯтаевич, дараҷаи тараққиёт табиист, ки ба инвеститсия ва технологияҳои инноватсионӣ вобаста аст. Аз ҳамин ҷиҳат, минтақаи озоди иқтисодии “Ургут” дар муҳити иқтисодии вилоят то чӣ андоза навигарӣ карда метавонад?
– Дар Ургут, умуман дар вилоятамон тадбиркорӣ босуръат пеш меравад. Минтақаи озоди иқтисодии Ургут, ки бо ташаббуси Президенти мамлакатамон ташкил гардид, имкониятҳои соҳибкоронамонро боз ҳам васеътар менамояд. Барои корбарии онҳо дар миқёси ҷаҳонӣ, омӯхтани андозаҳои хориҷӣ, мувофиқи талаботи бозори байналхалқӣ ба роҳ мондани фаъолият имконият фароҳам меоварад.
Ҳоло барои минтақаи озоди иқтисодӣ на танҳо аз Ургут, балки аз ноҳияҳои Пастдарғам, Нуробод ва шаҳри Самарқанд ҷамъ 918 гектар майдон ҷудо карда шудааст. Ин аз он далолат медиҳад, ки минтақаи озоди иқтисодии “Ургут” дар иқтисодиёт ва саноати вилоят мавқеи хосро соҳиб аст.
Акнун ба рақамҳо эътибор диҳед. Ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодӣ аз тарафи 53 инвестор 60 лоиҳаи қимати умумиаш 221,7 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Ин лоиҳаҳо пурра ба кор дароварда шаванд, 4484 ҷойи нави корӣ ташкил мегардад. Солона маҳсулоти 358,2 миллион долларина истеҳсол гардида, 51,9 миллион доллар экспорт карда мешавад.
Соли гузашта ва аз аввали соли ҷорӣ 25 лоиҳаи қимати умумиаш 76,1 миллион долларина амалӣ гардид ва 1171 ҷойи нави корӣ ташкил шуд. Ин рақамҳо худ саҳми минтақаи озоди иқтисодии “Ургут”-ро дар муҳити иқтисодӣ ва соҳибкории вилоят нишон медиҳад.

– Мустаҳкамшавӣ ва барқарории иқтисодиёт пеш аз ҳама, барои афзудани даромадҳои реалии аҳолӣ, васеъшавии доираи корҳои сохтмониву бунёдкории вилоят, барқарории тарзи зисти замонавӣ замина мегузорад…
– Албатта, мақсади асосии корҳои сохтмонӣ-бунёдкорӣ ва ислоҳотҳои васеъмиқёсе, ки дар вилоятамон амалӣ мегарданд – дигаргунсозии ҳаёти мардум, дар шаҳру қишлоқҳо муҳайё намудани шароитҳои замонавӣ, ноил гардидан ба ризоияти мардум аз ҳаёт мебошад.
Ягон баромади Президентамон нест, ки дар он ба халқ хизмат кардани роҳбарони органҳои давлатиро чун вазифаи муҳим ёдрас накунанд. Ҳеҷ як маърӯзаашон нест, ки дар он муҳайё намудани шароити мусоиди зиндагӣ ба одамон чун мақсади асосӣ эътироф нашавад. Халқамон пагоҳ ё ки дар ояндаи наздик не, имрӯз хушбахтона зистанаш лозим, ки чун талаби қатъӣ гуфта шудааст ва мақсаду муддао, хулосаи ин ҳама даъватҳост.
Суханро аз мавзеи Қаросуви ноҳияи Самарқанд, ки аз нав бунёд гардида, аз ҳар ҷиҳат ҷавобгӯи талаботҳои замонавист, оғоз кунам. Як сол пеш ин маскан майдони кушод, ҳудуде буд, ки ягон сохтори коммуникатсионӣ надошт. Сарвари давлатамон таъкид намуда буданд, ки сол то сол эҳтиёҷи аҳолии шаҳри Самарқанд ба хонаву ҷой зиёд мешавад. Барои қонеъ намудани ин эҳтиёҷот аз маркази шаҳр меъёрҳои сохтмониро вайрон карда хона сохтан лозим не, балки аз гӯшаи шаҳр бунёди манзилҳои замонавии зисти аҳолӣ зарур аст. Дар асоси ҳамин супориш соли гузашта аз мавзеи Қаросуви ноҳияи Самарқанд барои шаҳри Самарқанд 50 гектар замин ҷудо карда шуда, дар ин ҷо бунёди хонаҳои арзони бисёрқабата оғоз гардид.
Танҳо дар соли 2018 дар асоси супориши ширкати инжиниринги “Ўзшаҳарқурилишинвест” ҷамъ 32 бинои 7-қабатаи дорои 1344 хона бунёд гардид. Ғайр аз ин, аз тарафи ширкати инжиниринги “Қишлоқ қурилиш инвест” барои хизматчиёни Вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, вазъиятҳои фавқулодда, Гвардияи миллӣ ва оилаҳои ҷавон 12 бинои 5-қабата ба истифода супорида шуданд.
Албатта, пас аз бунёди хонаву ҷойҳо ба ин манзил кӯчидани аҳолии зиёдро ба ҳисоб гирифта, дар ҳудуд барои бунёд кардани муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, растаҳои хизматрасонии савдо ва маишӣ, умуман, баҳри эҳтиёҷоти аҳолӣ чӣ зарур бошад, барои дар ҳамин манзил ташкил кардани онҳо эътибор дода мешавад. Ин маҳалла, ки “Маскани обод” номгузорӣ шудааст, ҳоло намуди шаҳраки замонавиро гирифтааст.
Ҳангоми ташрифи Президенти мамлакатамон ба вилоят, ки 11-уми январи соли ҷорӣ ба амал омад, ба ин мавзеъ омада, бо корҳои бунёдкории манзил шинос шуданд ва доир ба васеътар намудани шаҳрак супоришҳо доданд. Дар ҳамин асос, ҳоло дар ин ҷо аз тарафи ширкати инжиниринги “Ўзшаҳарқурилишинвест” сохтмони 12-то, аз тарафи ширкати инжиниринги “Қишлоқ қурилиш инвест” 7-то бино босуръат давом дорад. Ғайр аз ин, аз тарафи ширкатҳои хусусии бинокорӣ дар асоси технологияҳои пешсафи сохтмонии давлатҳои хориҷӣ бунёди бинои 16-қабата оғоз гардид.
Боз як ҷиҳати молики эътибор дар он аст, ки сарвари давлатамон бо мақсади аз ҳар пораи замини Самарқанд пурсамар истифода намудан, зарурияти дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд намудани чунин хонаву ҷойҳои бисёрқабатаро таъкид карданд. Бинобар ин, ҳоло дар ноҳияҳои Ургут ва Тайлоқ дар асоси кредити ипотекавӣ бунёди хонаву ҷойҳои бисёрқабатаи арзон оғоз гардид.
Умуман, соли ҷорӣ корҳое, ки дар ин самт дар вилоят амалӣ мегарданд, ба таври васеъ давом меёбанд.
Ҳоло баҳри оилаҳое, ки барои беҳсозии шароити зист эҳтиёҷ доранд, дар 46 мавзеъ 1508-то, барои оилаҳои ҷавони намунавӣ 70-то, барои бонувоне, ки шароити вазнини иҷтимоӣ доранд 112 хонаву ҷой сохта мешаванд. Ғайр аз ин, барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа 4-то бинои 5-қабатаи дорои 120 хона, барои кормандони корҳои дохилӣ 2 бинои 5-қабата, барои хизматчиёни Гвардияи миллӣ 1 бинои 5-қабата бунёд мегардад.
– Вақте ки сухан дар бораи муҳайё намудани шароитҳои мусоид барои одамон меравад, ташаббусоти некӯеро, ки бо роҳнамоии сарвари давлатамон оғоз гардидааст — Барномаҳои “Қишлоқи обод” ва “Маҳаллаи обод”-ро алоҳида зикр намудан ҷоиз аст. Айнан дар асоси ҳамин ташаббус муаммоҳои чандинсолаи аҳолие, ки дар ҳудудҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, ҳалли худро меёбанд. Аз ҷумла, дар деҳа ва маҳаллаҳои дурдасти вилоят. Ҳамин тавр нест?
– Дуруст таъкид намудед, ки инҳо барномаҳои таърихие гардиданд, ки ба беҳсозии сатҳи зиндагонии халқамон нигаронида шудаанд. Самарадории он аз соли аввал намоён гардид. Соли 2018 дар 29 деҳаи вилоятамон шароити зисти 94 ҳазор аҳолӣ беҳтар карда шуд. 9580 хонаҳои тартиби якка, 13-то биноҳои бисёрқабата таъмир гардиданд. Бо мақсади беҳсозии таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ 25 иншоот ва 94,2 километр нили обӣ сохта шуд. 145 километр шабакаҳои барқӣ бунёд ва реконструксия гардид. 195 трансформатор гузошта, 18 километр шохаи гази табиӣ таъмир гардид ва ба аҳолӣ 4500 баллони гази моеъ расонида шуданд.
Ба таъмири роҳҳои дохилӣ, ки яке аз муаммоҳои муҳимтарини деҳаҳо ба шумор мераванд, эътибори алоҳида дода шуда, ҷамъ 319 километр роҳ таъмир гардиданд.
Ғайр аз ин, дар 26 мактаби таълими умумӣ, 25 муассисаи таълими томактабӣ, 16 муассисаи ҳифзи тандурустӣ корҳои таъмирсозӣ ва реконструксия амалӣ карда шуданд. 99-то объекти инфрасохтори бозор бунёд ва ба истифода супорида шуд.
Дар доираи Барномаи “Маҳаллаи обод” дар 4 маҳаллаи шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон 68 хонаву ҷойи бисёрқабата, 47 километр шабакаи барқ, 6 километр шохаи гази табиӣ ва 14 километр роҳҳои дохилӣ таъмир карда шуданд. Корҳои сохтмонӣ (таъмирсозӣ)-и 7 объекти соҳаи иҷтимоӣ амалӣ гардид.
То солҳои наздик дар давоми як сол амалӣ намудани ин қадар корро тасаввур карда наметавонистем. Муаммоҳои аҳолии деҳот аз сол ба сол, аз барнома ба барнома мегузашт. Ба масъала реалона нигоҳ кунем, захира ва имкониятҳо дуруст истифода шаванд, чунин корҳои бузургро ҳам иҷро кардан имконпазир аст.
Соли ҷорӣ дар ҳар се деҳаи ҳар як ноҳия, ҷамъ дар 42 деҳа дар асоси Барномаи “Қишлоқи обод” ва дар сетоӣ маҳаллаҳои шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон – дар шаш маҳалла дар асоси Барномаи “Маҳаллаи обод” корҳои бунёдкорӣ ва ободсозӣ амалӣ мегарданд.
Барои ин ҳудудҳо нисбати соли пешина маблағи бештар ҷудо карда мешавад.
Инчунин, дар асоси таҷрибаи корие, ки бо мақсади ободсозии шаҳри Гагарини ноҳияи Мирзачӯли вилояти Сирдарё амалӣ гардидааст, ба таври замонавӣ таъмир кардани маркази ноҳияи Пахтачӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар ин ҷо низ корҳо оғоз гардидаанд.
– Дар ҳамин маврид оиди бунёдкориҳои шаҳри Самарқанд, бахусус, дар бораи хонаву ҷойҳои бисёрошёна ва бинову иншоотҳои дигар, ки вақтҳои охир бисёр муҳокима мешаванд, сухан мегуфтед…
– Ҳа, дуруст, ки ҳоло ин яке аз масъалаҳои дардовар мебошад. То ҳол ба ин масъала чӣ гуна назар кардаанд ва дар кадом асос кор бурдаанд, намедонам, аммо имрӯз дар шаҳри Самарқанд амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ, бахусус, бунёди биноҳои бисёрқабата, ба ҳисоб гирифтани на танҳо манфиатҳои миллӣ, балки меъёрҳое, ки аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ тавсия мешаванд, муҳим аст. Чунки Самарқанд шаҳри сайёҳист ва таърихи чандинасрина дорад. Ҳар як пораи ин замин, ҳар як иншоот ва обидаи он таърихи ба худ хос дошта, он на танҳо бойигарии мо, балки сарвати тамоми инсоният ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Самарқанд ба сифати чорроҳаи фарҳангҳо ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.
Имрӯзҳо, ин ҷиҳатҳоро ба ҳисоб гирифта, сарнақшаи шаҳри Самарқанд таҳия карда мешавад. Дар он пеш аз ҳама ба масъалаи нигоҳдории чеҳраи таърихии Самарқанд ва ба маркази асосии туризми ҷаҳон табдил додани он эътибор медиҳанд. Президентамон ҳангоми ташриф ба вилоятамон ба ин масъала эътибори алоҳида дода, вазифаҳоеро, ки амалӣ намудани онҳо зарур аст, муқаррар намуданд.
Дар ҳамин асос, ҳоло чораҳои ба тартиб даровардани бунёдкориҳои шаҳр, ба меъёрҳои муқаррарӣ мувофиқ намудани он дида мешаванд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир дар корҳои сохтмонии шаҳри Самарқанд муросоҳои пинҳона, сохта намудани ҳуҷҷатҳо, пӯшидагии озмунҳои тендерӣ барои қонунвайронкуниҳо ва коррупсия дар соҳа роҳ кушодааст. Ба баъзе объектҳои мероси таърихӣ зарар расидааст. Ин ҳолат боиси эътирози сарвари давлатамон, инчунин, ташкилотҳои байналхалқӣ гардид. Аз ҷумла, дар ҷудо кардани замин барои141 объект тартибу қоида ва технологияҳои сохтмон вайрон карда шудааст. Ҳоло барои бартараф кардани ин камбудиҳо ҳаракат мекунем.
Барои ин якҷоя бо мутахассисон аз пойтахт ҷамоатчигии васеъро низ ҷалб кардем. Ҳоло ҳар ҳафта ду маротиба бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Кодекси шаҳрсозӣ ва ЮНЕСКО якҷоя бо тадбиркор-бинокороне, ки хоҳиши бино сохтанро доранд ва бино сохтаанд, муҳокимаи кушоди шӯрои шаҳрсозиро мегузаронем.
Мақсади мо, дар ҳолати нигоҳ доштани ҷозибаи таърихии шаҳр, соҳиби қиёфаи нав, боҳашам шудани онро таъмин намудан мебошад. Умуман, минбаъд тамоми корҳои сохтмон дар шаҳри Самарқанд ошкоро амалӣ мегардад. Дар бунёд ва ба нақша гирифтани объектҳо фикри ҷамоатчигӣ ва аҳолӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.


Мусоҳиб
Ғ.ҲАСАНОВ мухбири ӮзА.