Ҳисобкунакҳои  замонавии қувваи электр муаммоҳоро ҳал мекунанд?

Ҳисобкунакҳои замонавии қувваи электр муаммоҳоро ҳал мекунанд?

Дар шаҳри Самарқанд ҳисобкунакҳои қувваи электрро аз ҳисоби идораи қувваи барқ бо замонавиаш иваз мекунанд. Ин бешубҳа, роҳи дурусти ҳалли муаммоҳо доир ба таъмини аҳолӣ бо қувваи электр аст.
Қаблан дар ин самт амалҳои нодурусте чун шинондани ҳисобкунакҳои қувваи барқ дар симчӯбҳои муддати истифодаашон гузашта ё ки дар беруни дари ҳавлиҳо мавҷуд буданд. Зиёда аз ин истеъмолчиёни қувваи электрро огоҳ менамуданд, ки ҳифзи ҳисобкунаки қувваи барқ ва тамға (пломба)-и он дар ӯҳдаи онҳост.
Саволи табиие ба миён меояд. Дар бораи чӣ гуна ҳифзи ҳисобкунаки қувваи барқ ҳарф задан мумкин, вақте ки он дар ҷойи ҷамоатӣ гузошта шудааст?!
Набудани шартномаи байни ташкилоте, ки бо қувваи электр таъмин мекунад ва истеъмолчӣ низ яке аз муаммоҳои асосӣ мебошад.
Дар натиҷа истеъмолчиён наметавонанд ҳангоми рӯй додани нофаҳмӣ ё ки носозиҳо дар таъминот бо қувваи электр арзу даъвое кунанд.
Моҳҳои январу феврали соли равон истеъмолчиёне, ки дар маҳаллаҳои «Намозгоҳ», «Сайқал» ва «Юлдуз» (кӯчаҳои Хоҷа Аҳрори Валӣ, Деҳқон ва Берунӣ) (хонаи № 64) истиқомат мекунанд, аз пастии шиддати қувваи электр дар шабакаҳо (ба ҷойи 220 w аз 150 w боло не) ва бо фосила додани он шикоят карданд. Аз пастии шиддати қувваи электр асбобҳои маишӣ суст кор карда, гоҳо вайрон мешаванд ё ки умуман кор намекунанд. Мисол, обгармкунакҳое чун «Аристон», яхдон ва мошинҳои ҷомашӯӣ.
Шикояти истеъмолчиён аз амалҳои нодурус­ти кормандони идораи қувваи барқ ва бюрои иҷрои ҳатмӣ оиди бар асоси қоидаҳо иваз накардани ҳисобкунакҳои қувваи электр ва нодуруст ҳисоб кардани музди қувваи барқ амри одатие шуда буд. Умед дорем, ки бо шинондани ҳисобкунакҳои замонавии қувваи электр дар шаҳри Самарқанд таъминот бо қувваи электр хуб шуда, масъалаю муаммоҳои бо қарзи музди қувваи электр вобаста аз байн бардошта мешаванд.

А.РАҲИМОВ,
раиси Ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолчиёни шаҳри Самарқанд.