Қабристон ба зиёратгоҳ табдил ёбад

Қабристон ба зиёратгоҳ табдил ёбад

Қабристони Саримазори ноҳияи Самарқанд се дарвозаи даромад дорад: онҳо дар самтҳои маҳаллаҳои Деҳнав, Қамчинон ва Саримазор ҷойгиранд. Вақте ки аз дарвозаи Саримазор дохил мешавед, аввал чашматон ба айвони дарози хушсохте меафтад. Дар деворҳои он байту рубоиҳои зиёде навишта шудаанд. Аз ҷумла, ин рубоии машҳур:
Эй хоҷа, чаро аз ин ҷаҳон бехабарӣ,
Рӯзону шабон дар талаби симу зарӣ.
Сармояи ту аз ин ҷаҳон як кафан аст,
Он ҳам ба гумон аст, барӣ ё набарӣ.
Аз рӯйи нақли ҳолдонҳо маълум шуд, ки Зӯҳро Нуриддинова ном духтараке қабри падару модарашро ёфта натавониста, сахт афсӯс хӯрдааст ва барои аз худ нишонае боқӣ гузоштан ҳамин айвонро сохтааст. Курсиҳо гузош­тааст. Дарвоза шинондааст. Заминашро бо плиткаҳои зебо фаршпӯш кардааст. Боз мехостааст, ки корҳои боқимондаашро ба ҷо орад. Вале дар мусофират ба садамаи автомобилӣ дучор шуда, аз ин дунё ҷавон гузаштааст. Зиёратгарони қабристон баъди даромадан баробари дигарон дар ҳаққи ин духтараки нокому накӯкор ҳам дуои хайр мекунанд.
Умуман, ҳамаи ободонии қабристонҳо, аз ҷумла қаб­ристони Саримазор ҳам, бо роҳи ҳашар ва аз ҳисоби ҳомиён иҷро мегарданд. Мардум ба хокҷойи гузаштагонашон эҳтиром ба ҷо оварда, ин гуна корҳои савобро афзун мегардонанд ва назар ба солҳои пеш бештар меоянд. Болои қабри гузаштагонашонро тоза карда, гулу ниҳолҳо мешинонанд. Мо ҳам дар ин ҷо ба гулкории ду нафар додарон гувоҳ гардидем.
– Падарам дар 42-солагӣ аз олам гузаштанд, — гиряолуд гирдогирди қабри падар гулҳои рангоранг шинонда истода гуфт Умедҷон Қодиров. – Имрӯз рӯзи таваллудашон буд. Барои ҳамин, ба зиёрати қабристон омада, баробари дуои фотиҳа гул ҳам шинондем, ки рӯҳашон шод шавад.
Дар ин қабристон аҳолии маҳаллаҳои Қамчинон, Деҳнав, Таги болохона, Саримазор, Қумзор, Гулбоғ, Шалғамон, Маҳалла, як қисми маҳаллаҳои Сафедиву Қӯшкӯпрук, ҷамъ аз 13 мавзеъ маитонро ба хок месупоранд. Аз рӯйи анъанаи наврӯзӣ дар арафаи ид аз ин маҳаллаҳо одамон омада, дар қабристон ҳашарҳои тозагиву ободонӣ ташкил мекунанд.
– Қабристони мо баробари таърихӣ будан 7,7 гектар масоҳат дорад, – гуфт яке аз қалавурҳои қабристон Набӣ Валиев. Қабристони калонро ҳамеша тозаву озода нигоҳ доштан барои ман ва посбони дигар — Шариф Файзиев душвор аст. Барои ҳамин, пеш аз идҳо ҳашар ташкил мекунем. Ба қарибӣ аз маҳаллаи Саримазор 30 кас баромада, кор карданд. Аз маҳаллаи Қумзор 40 кас, аз Сафедӣ 15 кас, аз Гулбоғи боло 25 кас омаданд. Баъди тоза кардан партовҳоро аз қабристон бароварданд. Ниҳол шинонданд, танаи дарахтонро сафед карданд. Ин гуна корҳои ободонӣ то иди Наврӯз давом меёбад.
Ин қабристон якчанд аср пештар ташкил ёфтааст. Бинобар ҳамин, қисмати кӯҳнаи қабристонро соли 2007 тахт карданд. Пас аз 5 солаш дар ҷойҳои тахтшуда маитонро ба хок месупоранд.
Бо роҳи ҳашар ва дастгирии ҳомиён дар қабристон роҳравҳои нав, ҳавзҳои обгирӣ ва ғайра сохта шуданд. 6 чоҳи артезианӣ шинонданд. Корҳои ободонӣ ва сабзазор­кунӣ боз идома дорад.
Аз гузари Қӯрғони калони маҳаллаи Қумзор бо сарварии Баҳром Раҷабови 84-сола ҳомиён Маматқул Шарифов, Азиз Ҳамдамов, Зафар Нарзуллоев, Бахтиёр Тӯйчиев, Абдуғаффор Раҷабов, Илҳом Раҷабов дар ин ҷо сохтани роҳрави 180-метра, ҳавз ва айвонро ба нақша гирифтаанд.

— Манзили ҳамаи мо оқибат ҳамин ҷо аст, — гуфт Азиз Ҳамдамов. – Барои худ хонаҳои бисёр қабата сохта, тӯйҳои дабдабанок мегузаронему чаро дар ин гуна корҳо ёрӣ нарасонем? Гап дар сари маблағ не, аз дасти ҳар кадоми мо чӣ коре ояд, масалан, яке қуму шағал мегирад, дигаре ниҳол мехарад, боз яке қувваташ ба чароғон кардани қаб­ристон мерасад, мекунем. Зеро дар ин ҷо падару модару момову бобокалонҳои мо хобидаанд. Муҳимаш, қабрис­тонҳои мо ҳам мисли қабристонҳои дигар мамлакатҳо ободу зебо ва зиёратгоҳ гардад.

Б.ҶУМЪАЕВ.