Касбомӯзӣ аз овони хурдӣ оғоз меёбад

Касбомӯзӣ аз овони хурдӣ оғоз меёбад

Дар Маркази бачагонаи «Баркамол авлод»-и ноҳияи Оқдарё ба тарбияву касбомӯзии хонандагон эътибори ҷудогона дода мешавад. Дар марказ барои бедор намудани шавқи бачаҳо ба касбу ҳунар, ривоҷ додани қобилияти бадеии онҳо «Эҷодкории техникӣ», «Эҷодкории бадеӣ» ва «Экологӣ» барин 25 маҳфил фаъолият мебарад. Дар онҳо 1160 нафар хонанда иштирок мекунанд.

— Дар марказамон 39 нафар мутахассис меҳнат менамоянд, ки се нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд. Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд 7 нафар ба тарзи ғоибона таҳсил доранд, — гуфт роҳбари марказ Севара Муҳаммадиева. — Соли гузашта аъзои маҳфилҳои “Сабақи компутерӣ”, “Санъати Карвин”, “Кишваршиносони ҷавон», «Пазандаи ҷавон», «Рақс», «Эҷодкории техникӣ» дар озмуну фестивалҳо фаъолона иштирок намуданд. Аъзои маҳфили «Эҷодкории техникӣ» Акбархон Темирхонов дар фестивали ҷумҳуриявӣ аз рӯйи равияи «Автомобил» ҷойи дуюмро ишғол намуд. Аъзои маҳфили «Кишваршиносони ҷавон» Ҷасмина Отамуродова дар озмун-азназаргузаронии «Тақдири сайёраамон дар дасти худамон аст» ғолиб гардида, бо дипломи дараҷаи якум сарфароз шуда.
Роҳбари маҳфили «Санъати Карвин» Гулҳаё Тошпӯлодова дар озмун – азназаргузаронии ҷумҳуриявӣ ғолиби номинатсияи «Беҳтарин роҳбари маҳфил» шуд.

Тоҳир НОРҚУЛОВ.