Фестивал барои ҷавонон

Фестивал барои ҷавонон

имкониятҳои васеъ фароҳам овард

Дар мамлакатамон барои кашф намудани ҷавонони соҳибистеъдод озмуну фестивалҳои гуногун гузаронида мешаванд. Мувофиқи меморандуми имзошудаи байни Ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ” ва Вазорати маданияти ҷумҳурият дар ҳар 3 сол як маротиба Фестивали байналхалқии “Садоҳои Наврӯз” гузаронида мешавад, ки барои муайян кардани чунин соҳибистеъдодҳои дилбастаи санъат ва мусиқӣ аҳамияти калон дорад.
Дар Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 3-и шаҳри Самарқанд зинаи вилоятии озмуни мазкур баргузор гардид. Дар он хонандагони мактабҳои мусиқӣ ва санъати бачагонаи ҳудуд аз рӯйи ду равия – оркестрҳои асбобҳои халқӣ ва ансамблҳои бисёровоза байни ҳамдигар баҳс намуданд.
Мувофиқи хулосаи доварон хонандагони Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 2-и шаҳри Каттақӯрғон аз равияи оркестрҳои асбобҳои халқӣ, хонандагони Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 6-и шаҳри Самарқанд аз рӯйи ансамблҳои бисёровоза ва тарбиягирандагони муассисаи таълими томактабии рақами 8-и ноҳияи Каттақӯрғон ғолиб дониста шуданд. Акнун онҳо дар зинаи ҷумҳуриявии озмун иштирок мекунанд.
Дар охири фестивал ба ғолибон ва ҷоизадорон диплом, инчунин, тӯҳфаҳои хотиравии ташкилотчиён супурда шуд.


Хизмати матбуоти Шӯрои вилоятии ҲДЭМ Ӯзбекистон.