Манбаи ризқу рӯзӣ

Манбаи ризқу рӯзӣ

Сокини маҳаллаи Таллиотаи ноҳияи Тайлоқ Саидамир Оқилов аз деҳқонҳоест, ки “забон”-и заминро хуб медонад. Ӯ ҳамроҳи зану фарзандони худ дар 15 хол замини наз­диҳавлигии худ гармхона ташкил кардааст.
– Агар инсон маданияти истифодаи заминро донад, он кони фоида аст, – мегӯяд С.Оқилов. – Беш аз даҳ сол боз парвардаи карам, помидор, қаланфури булғориро парвариш карда, ба деҳқонҳо мерасонем. Аз паси меҳнатамон ризқу рӯзиямон бутун, дастархонамон фаровон ва рӯзгорамон осоишта аст.
С.Оқилов ҳоло аз кишварҳои Голландия, Полша, Туркия, Германия ва Япония тухмиҳо оварда, ниҳоли парвардаҳоро тайёр мекунад.
Деҳқонҳои пешқадами ноҳияҳои Самарқанд, Ургут, Оқдарё, Ҷомбой, Булунғур, Каттақӯрғон, Тайлоқ ва ҳатто кишоварзони вилояти Бухоро низ парвардаи помидор, карам ва қаланфури булғориро аз ӯ мегиранд. Онҳо пешакӣ ба Саидамир ака маълум мекунанд, ки барояшон чӣ қадар ниҳоли парварда лозим аст.
– Соли гузашта ҳамроҳи писарам ба ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарё рафта, ба аҳолии якчанд маҳаллаи ноҳия тарзи ташкили гармхона, парвариши парвардаҳоро ёд додем, – илова кард С.Оқилов. – Имсол аллакай чанд нафар сокинони маҳаллаҳои ин вилоят ба фаъолият сар карданд ва гоҳо занг зада, маслиҳат мепурсанд.

Ф.ЮЛДОШЕВ.