Асрори шаклдиҳии ниҳолу дарахтҳо

Асрори шаклдиҳии ниҳолу дарахтҳо

Шаклдиҳии боғҳо, яъне буридани шоху навдаҳои зиёди дарахтҳо яке аз омилҳои серҳосилӣ ба шумор меравад. Агрономҳо, боғбонҳои пуртаҷриба аз асрори ин кор хуб хабардоранд. Мухбирамон бо яке аз онҳо, агроном ва боғбон, сокини маҳаллаи Бирдамлики шаҳри Самарқанд Шавкат Нарзиқулов оид ба ин мавзӯъ сӯҳбат орост.
– Бигӯед, ки бо кадом мақсад баъзе шоху навдаҳои дарахтонро мебурранд?
– Буридани шоху навда, шаклдиҳии дарахтҳо ба дарозумрии онҳо хизмат мекунад. Мақсади асосии шаклдиҳӣ аз нури офтоб дуруст баҳравар гардидани ниҳолу дарахтҳо, нест кардани шохҳои барзиёд, бунёди асоси дарахтҳои пурқуввати серҳосил ва аз зараррасонҳо ҳифз намудани боғҳо мебошад.
– Дар ин кор ба кадом ҷиҳатҳо бояд эътибор дод?
– То сар кардани шаклдиҳӣ хусусияти меваҳои онҳоро омӯхтан даркор. Агар онро аниқ насозем, корҳои шаклдиҳиву шохбуриро дуруст ба сомон расонида наметавонем. Масалан, шохчаҳои 2-3-солаи анҷир, чормағз, бодом, гелос, себ, нок, олу ва зардолу меваи асосиро медиҳанд. Аз ин сабаб, 10-20 фоизи навдаҳои навсабзидаро ҳар сол буридан лозим аст.
– Оиди усулҳои шаклдиҳӣ ҳарф мезадед…
– Дар буридани шоху навдаҳои дарахтон асосан ду усули шаклдиҳиро ба кор мебаранд. Дар усули якум танаи дарахт асосан аз як нуқта ба якчанд тараф тақсим шуда, ривоҷ меёбад, қисми марказӣ бошад, холӣ меистад. Дар усули дуввум, дарахт аз шохаҳои паҳлӯии паҳн ташкил ёфта, то ба баландӣ расидан мисли арча ба яккашохӣ мерасад. Дар шаклдиҳӣ ба ҷиҳатҳои зерин эътибор додан мувофиқи мақсад аст:
а) буридани шохҳои касалшуда, хушкгардида ва аз ҳад зиёд сабзида;
б) буридани навдаҳое, ки аз тана ғизо мегирад;
в) буридани шохҳое, ки номусоид ҷой гирифтаанд ва ба якдигар халал мерасонанд.
– Ҳангоми ба дарахтҳои калон шакл додан ба чӣ эътибор додан лозим аст?
– Дарахтҳои 5-7-сола ба воя расида ҳисоб меёбанд. Вақти буридани онҳо чӣ гуна шакл ёфта истоданашон ба назар гирифта мешавад. Бо бурида партофтани шохаҳои хушкгардида, беқувват ва касал солимии дарахтҳоро беҳтар кардан мумкин аст. Шохҳои калону ғафсро бо арра буридан ба мақсад мувофиқ мебошад.
– Оиди мубориза зидди зараррасонҳо ҳарф мезадед…
– Бар зидди зараррасонҳои боғ мубориза бурдан ҳам, ба серҳосилии боғҳо мусоидат мекунад. Роҳи асосии муборизаи он дар ҳавои мӯътадил ба ҳар як гектар боғ ба миқдори 30 килограмм купороси мису 30 кг. оҳакро дар 1000 литр об омехта карда, ба дарахтон пошидан даркор аст.


Мусоҳиб Ҷ.ОБИДОВ.