Истиқболи ҷашни меҳру мурувват

Истиқболи ҷашни меҳру мурувват

Ҷашни мубораки Наврӯз, ки арзишҳои азалӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, орзуву умедҳои падару бобоёнамон, гузаштаву имрӯзамонро дар худ муҷассам намудааст, наздик меояд. Аз лаҳзаҳое, ки диёрамон сарсабзу шукуфон мегардад, ба пешвози он тайёрӣ мебинем.
Имсол ҳам бо ташаббуси ҳокими вилоят барои ба тарзи ҳамоҳанг бо анъанаҳоямон, рӯҳияи баланд гузаронидани ҷашни мазкур вазифаҳои аниқ муайян карда шуд. Аз ин боис, аллакай дар шаҳру ноҳия, маҳаллаву деҳаҳо сайрҳои наврӯзӣ оғоз ёфт. Ба ин муносибат корҳои зиёди хайриявӣ низ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар боғи истироҳатии ноҳияи Каттақӯрғон таҳти шиори “Меҳру мурувват нишон диҳем!” тадбир баргузор гардид. Дар тадбир барои шаҳрвандоне, ки ногироӣ доранд ва наздикони онҳо, вакилони оилаҳои мӯҳтоҷ ва камбизоат дастархони идона ороста шуд.
Ҳокими ноҳия Аъзамхон Баҳромов ҳозиронро бо ҷашн табрик гуфта, таъкид намуд, ки ба корҳои хайриявӣ даст задан, мустаҳкамнамоии меҳру мурувват, дӯстиву ҳамҷиҳатӣ вазифаи ҳар кадоми мо мебошад.
Дар тадбир ба 90 нафар шаҳрвандони куҳансол, ки ногироӣ доранд ва 10 нафар наврасон аробачаҳои ногироӣ ва тӯҳфаҳои идона дода шуд. Инчунин, аз ҷониби шӯъбаи ноҳиявии Хазинаи “Нуронӣ” ва Иттиҳодияи тиббии ноҳия ба 54 нафар шахсони мӯҳтоҷ ва танҳомонда маҳсулоти хӯрокворӣ, сару либос, доруву дармони бепул ва ба сифати ёрии моддӣ маблағҳои пулӣ дода шуд.
Тӯҳфаҳои супурдашуда ба қалбҳои ғамгин ва ба эътибору ғамхорӣ мӯҳтоҷ хурсандиҳо бахшид. Барномаи консертии шӯъбаи маданияти ноҳия ҳамаро хушнуд намуд.

Ш.ҚАРШИЕВ.